Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи муттаҳамони сарнугунии парвози MH-17 оғоз мешавад


Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Малайзия, ки дар шарқи Украина сарнагун шуд. 17 июл, 2014.

Имрӯз дар Ҳолланд муҳокимаи афроди муттаҳам бо сарнагун намудани парвози MH17- ҳавопаймои ширкати ҳавоии Малайзия дар шарқи Украина, оғоз меёбад.

Се шаҳрванди Русия-Игор Гиркин, Сергей Дубинский, Олег Пулатов ва як шаҳрванди Украина-Леонид Харченко бо куштори 298 сарнишини ҳавопаймо ва аъзои экипажи "Боинг"-и малайзӣ дар хатсайри Амстердам-КуалаЛумпур дар моҳи июли соли 2014 муттаҳам машаванд.

Ҳавопаймо бо мушаки истеҳсоли Русия дар минтақаи зери назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав сарнагун шуда буд. Агар муттаҳамҳо ба додгоҳ ҳозир нашаванд ва ё вакили худро нафиристанд, муҳокима дар ғайби онҳо шурӯъ мешавад.

Ҳамаи муттаҳамон дар ниҳодҳои ҷудоихоҳони шарқи Украина вазифаи муҳими низомиву иктишофиро иҷро мекарданд. Шаҳодатҳои зиёде мавҷуд аст, ки низомиёни Русия ҳам мустақиман дар ҳамла нақш доштаанд, вале Кремл тақдими кумак ба ҷудоихоҳонро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG