Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон занони зиндониро афв кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон

Дар арафаи рӯзи байналмилалии занон Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон фармони афви 83 зани зиндониро имзо кард.

Бар асоси ин санад, 12 зан аз зиндон озод мешаванд, 29 нафар ҷазо дар зиндонро ба шартӣ иваз мекунанд ва 17 зани дигар ҷазоҳояшон сабук мешавад.

Дар маҷмӯъ 58 зан пурра аз зиндон берун мешаванд.

Афви зиндониён ба муносибат ин ё он ҷашн дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъмул аст ва бештар раҳбарон ба хотири шуҳрат пайдо кардан чунин қарорҳоро имзо мекунанд.

XS
SM
MD
LG