Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Шоҳмурод: "Қонун ба хотири нафаре ислоҳ карда намешавад"


Рустам Шоҳмурод, собиқ Вазири адлияи Тоҷикистон

Рустами Шоҳмурод, вазири собиқи адлияи Тоҷикистон ва ҳамакнун вакили тозаинтихоби Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки дар вазифаи нави худ ба рушди қонунгузории кишвар дар бахши рушди тамоми соҳаҳои Тоҷикистон талош хоҳад кард. Аз ҷумла, вай ҷонибдори бозбинии Кодекси андози ва Қонуни ҷиноятии кишвар аст.

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Рустами Шоҳмурод, шумо тоза вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудед. Ба унвони қонунгузор ба чӣ масоиле бештар таваҷҷӯҳ мекунед?

Рустам Шоҳмурод: Дар ҳамаи мулоқот бо интихобкунандаҳо ман гуфта будам, ки ҳастанд санадҳои муҳими стратегии миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, ки қисми муҳими он такмили қонунгузорӣ мебошад. Ҳамчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ барои солҳои 2018-2028 вуҷуд дорад, ки барномаи бузурги маҷмӯие барои танзими бахши ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки куллияи масоили ҳуқуқӣ дар кишварро танзим мекунад. Иҷрои ин ҳама ҳадафҳо бояд бо қонунҳо таъмин карда шаванд ва кӯшиш мекунам дар ин самт фаъолият дошта бошам.

Радиои Озодӣ: Дар замони роҳбарии шумо дар Вазорати адлияи Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки онро коршиносон дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ маҳдудкунанда унвон мекунанд. Ба эътиқоди онҳо, ин қонун сабаб шуд, ки созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолияти худро коҳиш додаанд ва ҳамакнун бояд манбаҳои сармоягузории худро ба мақомот ошкор кунанд. Оё дар Маҷлиси вакилон шумо бозбинии ин муқаррароти қонунро пешбинӣ мекунед?

Рустам Шоҳмурод: Ин муқаррароти қонунгузорӣ дар чаҳорчӯби талаботи созмони байналмиллалии ФАТҲ қабул шуда буд ва мақсади он ҷилавгирӣ аз сармоягузории фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ба мисли терроризм мебошад. То ҳол ба ман ҳеҷ як созмони ғайридавлатӣ дар бораи ин муқаррарот шикоят накардааст ва он амал мекунад. Аммо гурӯҳи махсуси коршиносон дар мавриди бозбинии як идда аз қонунҳо кор карда истодаанд ва замоне, ки ин санадҳо вориди порлумон шаванд, мо онро баррасӣ мекунем.

Радиои Озодӣ: Ахиран, коршиносон аз Кодекси андози кишвар интиқод мекунанд, ки андозҳои баланд ба рушди иқтисодӣ ва тавсеи соҳибкориву тиҷорат дар Тоҷикистон монеъ мешаванд. Оё дар ин замина шумо ба ибтикоре даст мезанед?

Рустам Шоҳмурод: Агар дар бораи андозбандӣ ва дастгирии соҳибкорӣ бигӯем, дар пайёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин мавзӯъ масъалагузорӣ шудааст ва Кодекси андоз бояд нав карда шавад. Ҳоло дар ин замина дар назди Вазорати молия як гурӯҳи бузурги коршиносон фаъолият доранд. Вақте ин санад ба порлумон ворид шавад, мо имкон хоҳем дошт, ки онро баррасӣ ва баҳогузорӣ кунем.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар бораи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон назарҳо мухталифанд ва бархе бар ин назаранд, ки барои ин ё он ҷиноят ҷазо хеле сахт ё баръакс кам аст. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Рустам Шоҳмурод: Дар асл ман мутахассиси соҳаи ҳуқуқи гражданӣ мебошам ва ба ин далел бо Кодекси ҷиноятӣ зиёд сарукор надорам. Аммо, воқеан чунин назарҳо вуҷуд доранд. Дар ин замина низ як гурӯҳи ҳуқуқшиносон фаъолият доранд. Ин санад низ замоне, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид шуд, якҷо бо коршиносон мо назари худро дар бораи бандҳои Кодекси нави ҷиноятӣ хоҳем гуфт. Кодекси ҷиноятӣ аз бандҳои марбут ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ иборат аст. Дар ин замина ман метавонам назарҳои худро дар порлумон изҳор кунам, ки ҷавобгарӣ ба ин ё он кирдор мутаносиб бошад.

Радиои Озодӣ: Замони вазири адлия будани шумо қонун дар бораи адвокатҳо ё вакилони дифоъ низ қабул шуд, ки онро низ маҳдудкунанда меноманд ва он боиси аз фаъолият даст кашидани теъдоде аз вакилони дифоъ шуд. Оё ин муқаррарот бозбинӣ мешавад? Ҳамзамон дар замони вазирии шумо парвандаи пурсарусадои Зайд Саидов дар додгоҳ баррасӣ шуда буд ва оё имкон дорад, ки дар пайи бозбинии Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ин сиёсатмадори тоҷик сабук карда шавад?

Рустам Шоҳмурод: Тағйири муқаррарот дар бораи фаъолияти адвокатҳо низ тибқи уҳдадориҳои байналмиллалии Тоҷикистон сурат гирифта буд ва то ҳол дар мавриди бозбинии он зарурате пеш наомадааст. Дар мавриди Зайд Саидов бояд таъкид кунам, ки ҳеҷ як қонун ба хотири нафаре ислоҳ карда намешавад. Муқаррароти қонун барои ҳама баробар аст. Вале, вақте матни ислоҳоти Кодекси ҷиноятӣ ба порлумон ворид шавад, коршиносон онро баррасӣ мекунанд ва дар ниҳоят вакилон тасмим мегиранд, ки кадоме аз муқаррароти ин кодекс бояд ислоҳ карда шавад.

Радиои Озодӣ: Бо дарназардошти собиқаи кории шумо дар вазифаи вазири адлияи кишвар оё шумо медонед, ки узви кадом кумитаи Маҷлиси намояндагон ё дар вазифаи роҳбарии он мешавед?

Рустам Шоҳмурод: Ростӣ, намедонам. Зеро, ҳанӯз натиҷаҳои ниҳоии интихобот эълон нашудааст. Ҳарчанд, имрӯз раиси ҷумҳур фармони даъвати ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро дар таърихи 17-уми март имзо кард. Дар ин ҷаласа ҳамааш муайян мешавад ва ҳоло ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

Шарҳҳоро бинед (20)

XS
SM
MD
LG