Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сумая Қосимова дар чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ


Акси як бинои таърихӣ дар Урдун
Акси як бинои таърихӣ дар Урдун

Сумая Қосимова, варзишгари тоҷик, дар аввалин рақобати худ дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки дар пойтахти Урдун – Аммон – ҷараён дорад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома хоҳад дод.

Сумая рӯзи 7-уми март дар сабқати занон дар вазни то 51 кило бар Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба чорякфинал баромад. Ҳамакнун муштзани тоҷик рӯзи 9-уми март дар даври чорякниҳоӣ бо Чанг Юан аз Чин рақобат мекунад.

Муштзани дигари тоҷик Бахтовар Сагизов рӯзи 7-уми март дар сабқати мардон дар вазни то 57 кило дар даври дувум аз Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар - 8 мард ва 4 зан - дохиланд. Сумая Қосимова чорумин муштзани тоҷик аст, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кардааст. Пеш аз ӯ се муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев ва Давлат Болтаев - аввалин рақобати худро дар сабқати мардон бо пирӯзӣ анҷом дода, ба чорякфинал баромада буданд.

Баҳодур Усмонов, ки дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Санил Шаҳӣ аз Непал ғолиб омад. Ӯ дар чорякфинал 9-уми март бо Обада Алкасба аз Урдун қувва меозмояд. Зимнан, Баҳодур соли гузашта дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбаро шикаст доа буд.

Шаббос Неъматуллоев низ дар вазни то 81 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Ӯ бар Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Рақиби Шаббос дар даври чорякниҳоӣ, ки имрӯз, 8-уми март, баргузор мешавад, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон мебошад.

Давлат Болтаев дар дар вазни то 91кило дар аввалин рақобати худ бар Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт ва муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома хоҳад дод. Ӯ рӯзи 8-уми март дар чорякфинал бо Василий Левит аз Қазоқистон рақобат мекунад. Левит барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон мебошад.

Вале ҳашт муштзани дигари тоҷик (5 мард ва 3 зан), ки аввалин рақобати худро бохтанд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум шуданд.

Дар сабқати мардон Шуҳрат Сабзалиев дар вазни то 52 кило, Бахтовар Сагизов дар вазни то 57 кило, Шералӣ Мамадалиев дар вазни то 69 кило, Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар вазни то 75 кило ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило, инчунин дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило, Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило ва Нилуфар Бобоёрова дар вазни то 69 кило ноком шуданд.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон, 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

XS
SM
MD
LG