Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Бо хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, шояд Толибон қудратро ба даст гиранд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти Амрико дар изҳороти наваш гуфт, "пас аз хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, мумкин аст, Толибон ба ҳукумати Кобул пирӯз шаванд ва қудратро ба даст гиранд". Ҳукумати ҳозираи Афғонистон аз пуштибонии Ғарб баҳравар аст. Доналд Трамп ин суханонро рӯзи 6-уми март дар Кохи Сафед ба хабарнигорон баён кард.

Ӯ дар идома гуфт, "дар ниҳоят, кишварҳо худ бояд ғами худро хӯранд. Мо наметавонем бист соли дигар дар он ҷо монем. Бист сол дар онҷо будем ва аз он кишвар ҳимоят кардем. Наметавонем 20 соли дигар дар онҷо бошем. Дар ниҳоят, онҳо бояд аз худ дифоъ кунанд. Мо бояд ба кори кишвари худ ҳам бирасем".

Амрико барои поёни ҷанги 18-солаи худ дар Афғонистон рӯзи 29-уми феврал мувофиқатномаи сулҳро бо ҷунбиши Толибон имзо кард.

Дар мувофиқатномаи Амрико бо Толибон омадааст, ки шумори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон то ба 8600 нафар кам карда хоҳад шуд. Муддати берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар 14 моҳи оянда дар назар гирифта шудааст.

Толибон дар ивази он, дар бахши амниятӣ ба Амрико ваъдаҳои хос дода, ба оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ розӣ шудаанд.

Президент Трамп ддар суҳбати рӯзи 6-уми март дар посух ба суоли инки “оё Толибон метавонад ҳукумати кунунии Афғонистонро суқут диҳад?” гуфт: "Чунин кор набояд шавад, аммо шояд шавад".

Пас аз ду ҳафтаи коҳиши хушунатҳо ва баъд аз як ҳафтаи имзои мувофиқатнома миёни Амрико ва Толибон, Кобул рӯзи 6-уми март шоҳиди як ҳамлаи маргбор буд.

Ҳамла дар маросими 25-умин солгарди кушта шудани Абдулалии Мазорӣ, раҳбари пешини Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, дар минтақаи Дашти Барчии Кобул сурат гирифт, ки дар натиҷаи он шуморе кштаву захмӣ шуданд.

Ҷунбиши Толибон даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кард. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо пазируфт.

XS
SM
MD
LG