Пайвандҳои дастрасӣ

Писари вазири собиқи маорифи Тоҷикистон раиси ниҳоди нозир дар ин соҳа шуд


Шоҳин Саидзода
Шоҳин Саидзода

Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва вазири пешини маориф, раиси Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин шуд.

Фармони президент дар ин бора рӯзи 6-уми март содир гардид.

Шоҳин Саидзодаи 36-сола хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Ӯ аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дошт. Соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуда буд.

Аммо соли 2018 пойгоҳи "Диссернет" дар Русия ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард, вале соли 2019 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, кори Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст. Баръакс, ба гуфтаи мақомот, Шоҳин Саидзода дар ВАК-и Русия собит кардааст, ки кораш дуздӣ нест.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, соли 2018 бештар ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Ин фошкориҳо ба мавзӯи дӯстдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд ва моҳҳо дар фазои маҷозӣ чарх зад.

XS
SM
MD
LG