Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз роҳбарони пешини Бонки БТА-ро ба Қазоқистон супурданд


Бонки БТА дар Қазоқистон.
Бонки БТА дар Қазоқистон.

Имороти Муттаҳидаи Араб Рустам Иброҳимов, яке аз роҳбарони пешини Бонки БТА-ро ба Қазоқистон истирдод кард, ки чанде пеш боздошт шуда буд. Дар ин бора аз додситонии кулли Қазоқистон хабар доданд.

Иброҳимов бо гумони даст доштан дар берун бурдани дороиҳои Бонки БТА-и Қазоқистон дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, вай бо дастури сиёсатмадори мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов дороии бонкро ба хориҷ интиқол додааст.

Бино ба иттилои додситонии Қазоқистон, Иброҳимов бо шиносномаи Қирғизистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб истиқомат дошт. Истирдодшуда дар боздоштгоҳи шаҳри Алмато нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти Қазқоистон Аблязовро дар ғорати чандин миллиарди Бонки БТА айбдор мекунанд. Ин бонкро Аблязов роҳбарӣ мекард.

Мухтор Аблязов аз соли 2009 ба ин тараф дар хориҷ зиндагӣ дорад ва айбҳои эълонкардаи мақомоти Қазоқистонро рад мекунад. Вай мегӯяд, мақомоти Қазоқистон бонки ӯро ғасб кардаанд.

Қазоқистон талош дорад, ки ӯро аз хориҷ ба ватан истирдод кунад.

Додгоҳи шаҳри Алмато соли 2017 Аблязовро бо айби ғорати дороиҳои бонк ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG