Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Туркия барои оташбас дар Идлиби Сурия ба созиш расиданд


Раҳбарони Туркия ва Русия рӯзи панҷшанбеи 5-уми март пас аз шаш соат музокирот дар Маскав, ба тавофуқи оташбас дар Идлиби Сурия даст ёфтанд.

Вебсайти расмии президенти Русия гузориш додааст, ки Владимир Путин дар мулоқот бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар бораи бӯҳрон дар шаҳри Идлиби Сурия музокира кардааст ва дар ин бора ба тавофуқ расиданд. Расонаҳои Туркия мегӯянд, Эрдуғон бо ҳамроҳии вазирони умури хориҷӣ ва дифоъ ба Русия сафар кард ва музокироти ӯ бо Путин беш аз шаш соат идома ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия қароргоҳаш дар Лондон гузориш додааст, ки пас аз эълони оташбас, вазъ дар Идлиб ва атрофи то ҳадди зиёд ором будааст. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, чанд лаҳза қабл аз оғози оташбас, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ва нерӯҳои Сурия мавқеъҳоеро дар Идлиб ва атрофи шаҳри Ҳимо ҳадаф қарор доданд. Тибқи гузоришҳо, ду сарбози турк дар ин ҳамлаҳо дар шаҳри Сароқиб кушта шуданд. Субҳи 6-уми март Вазорати дифои Туркия эълон кард, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Туркия 21 сарбози артиши Сурияро "безарар" гардонданд.

Туркия ва Русия дар соли 2018 низ тавофуқ карда буданд, ки Идлиб минтақаи бидуни таниш боқӣ бимонад. Аммо артиши Башор Асад бо ҳимояти Русия аз моҳи декабри соли гузашта ба ин минтақа ҳамла кард. Дар пайи ин ҳамлаҳо, наздик ба як миллион нафар аз сокинони Идлиб ба тарафи марзҳои Туркия фирор кардаанд ва садҳо нафар кушта шудаанд.

Туркия дар ҳамин минтақа чанд дидбонгоҳҳои низомӣ дорад. Ахиран дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Башор Асад, 33 сарбози турк кушта ва 36 тани дигар захмӣ шуданд. Аммо Туркия ҳам дар рӯзҳои гузашта ҳамлаҳои густурдаеро ба пойгоҳҳои низомиёни Башор Асад роҳандозӣ кард ва мегӯяд, садҳо сарбози суриягиро куштааст.

Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, Маскав ва Анқара ба эҷоди як камарбанди амниятӣ дар вилояти Идлиб розӣ шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, ин коридор бо паҳнои 6 километр ба тарафи шимол ва 6 километр ба тарафи ҷануб хоҳад буд ва қарор аст низомиёни Туркия ва Русия ба муддати даҳ рӯз дар он гаштзании муштарак дошта бошанд.

Вазирони дифои ду кишвар тайи як ҳафта ҷузъиёти ҳамкориҳои амниятӣ дар ҳамин камарбандро мушаххас хоҳанд кард. Оташбас дар Идлиб аз нимашаби 6-уми март оғоз шуд. Рӯзномаи "Moscow Times" менависад, Путин баъд аз созиш бо Туркия эълом кардааст, ки бо тавофуқи нав, умедвор аст танишҳо дар Идлиб поён ёбад. Эрдуғон низ гуфтааст, режими Башор Асад созиши соли 2018-ро нақз кардааст ва агар дубора иқдоме анҷом диҳад, Туркия аз ҳаққи худ медонад, ки бо "тамоми нерӯ" посух диҳад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG