Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муштзани тоҷик дар чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ


Шаббос Неъматуллоев (аз рост). Акс аз вебсайти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Шаббос Неъматуллоев (аз рост). Акс аз вебсайти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев аввалин рақобати худро дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки дар пойтахти Урдун – Аммон – ҷараён дорад, бо пирӯзӣ анҷом доданд ва муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳанд.

Баҳодур Усмонов, ки дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври аввал озод буд, 5-уми март дар даври дувум бар Санил Шаҳӣ аз Непал ғолиб омад ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Ӯ дар чорякфинал 9-уми март бо Обада Алкасба аз Урдун қувва меозмояд. Зимнан, Баҳодур соли гузашта дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбаро шикаст доа буд.

Муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев низ рӯзи панҷшанбе дар вазни то 81 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Ӯ бар Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Рақиби Шаббос дар даври чорякниҳоӣ, ки 8-уми март баргузор мешавад, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон мебошад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар - 8 мард ва 4 зан - дохиланд. Панҷ нафари онҳо - 3 мард ва 2 зан - аввалин рақобати худро бохтанд.

Дар сабқати мардон Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар даври аввал дар вазни то 75 кило аз Ҷинҷеа Ким аз Кореяи Ҷанубӣ, Шуҳрат Сабзалиев дар вазни то 52 кило аз Енхмандах Хархуу аз Муғулистон ва Шералӣ Мамадалиев дар вазни то 69 кило аз Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон шикаст хӯрданд.

Дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило дар даври дувум аз Ский Николсон аз Австралия ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ ноком шуданд.

Дар сабқати мардон 6-уми март Давлат Болтаев дар вазни то 91 кило бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7-уми март Бахтовар Сагизов дар вазни то 57 кило дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рақобат мекунанд.

Дар сабқати занон 6-уми март Нилуфар Бобоёрова дар вазни то 69 кило бо Байсон Маникон аз Тайланд ва 7-уми март Сумая Қосимова дар вазни то 51 кило бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон, 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG