Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав роҷеъ ба коронавирус ҳолати омодабош эълом шуд


Русия, 21-уми феврал, 2020. Акс аз бойгонӣ.
Русия, 21-уми феврал, 2020. Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин бо имзои як фармон дар робита ба таҳдиди паҳни коронавирус ҳолати омодагии баланд эълом кард. Собянин талаб кардааст, онҳое, ки аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Итолиё, Эрон, Испониё, Олмон ва Фаронса меоянд, ду ҳафта дар карантин нигаҳдорӣ шаванд.

Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои дорои ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус қарор доштанд, бояд аз баргашти худ ба Русия мақомотро огаҳ кунанд.

Шаҳрдори Маскав гуфтааст, дар ҳоли ҳозир вазъ дар пойтахти Русия ором аст ва мақомот барои манъи чорабиниҳои оммавӣ заруратеро намебинанд.

Собянин дастур додааст, ки дар асоси беморхонаи рақами яки касалиҳои сироятии Маскав барои мубталоён ба коронавирус бемористони махсус ташкил карда шавад. Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки маҳалли ошкоршавии коронавирус аст, маҳз ҳамингуна беморхона бунёд карда буданд.

Расонаҳо пештар хабар доданд, ки шаҳрдории Маскав барои мубориза зидди коронавирус чанд нақшаеро таҳия кардааст. Аз ҷумла, эҳтимол дорад, кори нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ, даромаду баромад аз шаҳр манъ, ҳолати изтирорӣ эълом ва кӯчаҳо назорат шаванд.

Нахустин ҳолати гирифтории сокини пойтахти Русия ба коронавирус 2-юми март сабт шуд. Дар ҳоли ҳозир дар саросари ҷаҳон 97 ҳазор одам ба ин вирус мубтало шуда, беш аз 3300 кас ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG