Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеченистон 13 муҳоҷири тоҷикро депорт кард


Дар Ҷумҳурии Чечен зиёда аз 4000 муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд
Дар Ҷумҳурии Чечен зиёда аз 4000 муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд

Мақомоти Чеченистон дар натиҷаи як тафтиш дар ноҳияи Шолии ин ҷумҳурии мухтори Русия 13 муҳоҷири тоҷикро боздошт ва аз қаламрави Чеченистон ихроҷ карданд.

Бино бар хабари маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба он айбдор шуданд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Чечен ғайриқонунӣ зиндагӣ ва кор мекардаанд. Биноан, ҳар яки онҳо ҳамчунин ба маблағи 2000 рубли русӣ ҷарима шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия дар кя изҳороташ гуфта буд, ки дар соли 2019 аз Русия беш аз 800 ҳазор муҳоҷир депорт шудааст, ки зиёда аз 5000 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ихроҷшудагон ба "руйхати сиёҳ"-и мақомоти Русия меафтанд ва ба муддати тулонӣ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум мешаванд. То ҳол 270 ҳазор шаҷрванди Тоҷикистон дар ин феҳрист буда, талошҳои Душанбе барои афви онҳо бенатиҷа мондааст.

XS
SM
MD
LG