Сайрагул Сауитбой, қазоқтабори Шинҷон, ки айни ҳол дар Шветсия зиндагӣ дорад, бо ҷоизаи байналхалқии "Барои шуҷоат" дар соли 2020 тақдим шуд.
Маросими эътои ҷоиза рӯзи 4-уми март дар Вашингтони ИМА баргузор гардид. Ҷоизаро Сауитбой аз дасти котиби давлатии ИМА Майк Помпео ва бонуи аввали Амрико Мелания Трамп гирифт.
Мелания Трамп дар ин маросим гуфт, ки намояндагони 11 кишвар дар соли ҷорӣ чунин ҷоиза дарёфт кардааст ва ҳамаи ҷоизаҳо "барои кӯмак ба дигарон" эъто шудаанд.
Саутбой моҳи апрели соли 2018 аз Шинҷон ба Қазоқистон фирор кард. Вай гуфт, ҳазорон қазоқтабор, уйғур ва дигар ақалиятҳои миллии пайрави дини Ислом дар Шинҷон дар "урдугоҳҳои бозтарбия" "мағзшӯии сиёсӣ" мешаванд.
Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, Саутибой нахустин касе аст, ки дар мазҳари ом аз "сиёсатҳои таъқибгар"-и ҳукумати Чин нисбати ақалиятҳои Шинҷон изҳори назар кард ва ба ин тартиб, "ба ҳаракати муқовимати зидди ин таъқибҳо набз бахшид".
Додгоҳи Қазоқистон дар моҳи августи соли 2018 Саутибойро дар убури ғайриқонунии марз айбдор, аммо аз толори додгоҳ озод кард. Хонум Сауитбой соли 2019 ҳамроҳ бо хонаводааш Қазоқистонро тарк кард.