Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба сокинон тавсия дод, аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ варзанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ варзанд ва талош кунанд, ки дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон ҳузур пайдо накунанд.

Дар ин бора дар ҷаласаи рӯзи 4-уми марти Ситоди ҷумҳуриявии огоҳсозии вуруд ва пешигирӣ аз паҳншавии вируси нав ба кишвар хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, бино бар тавсияи Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳамаи чорабиниҳои оммавие бекор шудааст, ки дар ояндаҳои наздик мебоист баргузор шаванд.

Мақомот ҳамчунин аз сокинон дархост карданд, ки ба ҳангомаву овозаҳо бовар накунанд ва танҳо ба иттилои расмӣ эътимод намоянд.

Дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гуфта шуд, ки то 4-уми март дар Қирғизистон ҳеч ҳолати мубтало шудан ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG