Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи шаҳрвандӣ: Муҳаммад Тағоев дар Қазоқистон дастгир шуд


Муҳаммад Тағоев
Муҳаммад Тағоев

Блогер ва фаъоли сиёсии тоҷик Муҳаммад Тағоев дар шаҳри Алматои Қазоқистон дастгир шудааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик, созмони мустақар дар Лаҳистон (Полша), рӯзи 4-уми март гуфт, Тағоев дар бораи дастгир шуданаш ба воситаи Фейсбук иттилоъ дода, аз эҳтимоли истирдод шудан ба Тоҷикистон нигаронӣ намудааст. Дертар ин навиштаи Тағоев аз Фейсбук пок карда шуда,"паёмрасонҳояш низ дастнорас гардидаанд".

Сомонаи "Ахбор" навишт, ки Муҳаммад Тағоев дар Интернет, асосан дар шабакаи Фейсбук, аз сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон интиқод мекард. "Ӯ аз ҷумла мухолифини тоҷикро ба таҳрими интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март даъват карда буд", -- навишт сомона.

Ба иттилои "Ахбор", кормандони пулиси Алмато ба дӯстони Муҳаммад Тағоев гуфтаанд, ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз хабари боздошти Тағоевро шарҳ надодааст.

Муҳаммад Тағоеви 36-сола моҳи январи соли 2019 дар Русия дастгир ва дертар раҳо шуда буд.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик, бо нашри изҳороти расмӣ аз мақомоти Қазоқистон хост, Муҳаммад Тағоевро ба ҷониби Тоҷикистон надиҳанд ва озод кунанд.

"Дар сурати истирдод шудан ба ӯ барои фаъолиятҳои сиёсиаш шиканҷа ва муҳлати дарози зиндон таҳдид мекунад", -- гуфт Абдусаттор Бобоев.

XS
SM
MD
LG