Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз Русия ва Эрон барои саркӯби эътирозгарон


Хонаи Озодӣ ё худ Freedom House Русия ва Эронро ба хотири таъқиби эътирозгарон маҳкум намуда муҳофизони анъанавии демократия, аз ҷумла ИМА-ро ба хотири ҳимоят накардан аз ин арзишҳо ва рӯй овардан ба популизм танқид кардааст.

Дар гузорише, ки 4-уми март Freedom House дар қароргоҳаш дар Вошингтон нашр намуд гуфта мешавад, шумораи кишварҳое, ки дар он ҳуқуқи сиёсиву озодиҳои шаҳрвандӣ дар соли 2019 заиф шудаанд ду баробар бештар шуд.

Дар ин руйхат 49 кишвар ҳамун "мамлакати ноозод" арзёбӣ шудаанд. Туркманистон ва Тоҷикистон дар миёни 10 кишвар бадтарини поймолкунанди ҳуқуқ ҷо гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG