Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ба сокинони деҳаҳо иҷоза дод, дар Тошканд кор кунанд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба фармоне имзо гузошт, ки тибқи он аз 1-уми апрел шаҳрвандоне, ки дар Тошканд сабтином нашудаанд, ҳақ пайдо мекунанд, моликияти ғайриманқул ба даст оранд.

Расонаҳои давлатии Узбекистон гузориш медиҳанд, Мирзиёев ҳамзамон фармонеро имзо кардааст, ки ба сокинони деҳоти дурдаст кор ва зиндагӣ дар Тошкандро иҷозат медиҳад.

Дар даврони Шӯравӣ қонуне амал мекард, ки бар пояи он сокинони деҳаҳо ҳақ надоштанд, дар шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои гирду атрофи он кору зиндагӣ кунанд.

Мирзиёев нақша дорад, дар сераҳолитарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ муҳоҷирати дохилии 32 миллион аҳолии онро озод кунанд.

Дар моҳи январи имсол Мирзиёев гуфта буд, “воқеият ин аст, ки мо мардуми худро дар давоми 30 сол ба пойтахт роҳ надодем”. Ӯ афзуд, “замони бекор кардани ин қонун фаро расидааст, зеро мавҷудияти он садҳо ҳазор узбекро ба муҳоҷират ба хориҷа маҷбур мекунанд”.

Шавкат Мирзиёев собиқ сарвазири Узбекистон моҳи сентябри соли 2016, баъд аз марги президенти аввали Узбекистон Ислом Каримов ба сари қудрат омадааст.

XS
SM
MD
LG