Бозиҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон, ки мебоист рӯзҳои 13-ум ва 15-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешуд, лағв гардид. Дар ин бора сомонаи english.newstracklive.com имрӯз, 4-уми март, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Ҳиндустон мебоист рӯзи 5-уми март барои ширкат дар ду бозии дӯстона озими Тоҷикистон мешуд, вале сафари наврасони Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба иллати коронавирус лағв шуд.
Манбаъ мегӯяд, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як нома, ки ба Федератсияи футболи Ҳиндустон фиристодааст, навиштааст, ки тибқи дастурҳои ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандон аз 35 кишвар, аз ҷумла Ҳиндустон, бинобар вазъи пешомада ба Тоҷикистон омада наметавонанд.
Масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон низ рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карданд.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ин ду бозиро дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад, ба нақша гирифта буд.
Маркази паҳншавии коронавирус кишвари Чин мебошад. Сироятшудагони коронавирус дар ҷаҳон аллакай ба беш аз 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин шумора бештар аз 3 ҳазорашон ҷони худро аз даст додаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Мо бояд шарм дорем имруз барои баррасии чунин матолиб. Мо бояд намунаи иттиҳод ро ба бародарои бурунмарзимон нишон диҳем бузургии ҳар миллат дар ягонагии ӯст . Бояд хатогиҳои гузаштагонро такрор накунем то моро душманони дохилии берунамон истифода баранд. Наҷоти ҳар миллат дар ягонагии уст. Мо тоҷикон бояд ин миллатро дигар ба маҳалҳо таксим накунем. P.S. Илтимос кормандони Озодӣ дар чунин сӯҳбатҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон шахсияӣҳоеро дарёфт намоед ки Ватандусдор бошанд на холисона баҳо диҳанд. Оқои Сафаров дар ду сӯҳбат натавонистанд мавзӯъро муфассал ва озоду равшан барраси намоянд. Аз Маркази Тадқиқоти Стратегӣ ягона шахси озодандеш ин шодравон Суҳроб Шарипов буданд.
Оне ки сукуташ аён аст, ҳоҷат ба баён надорад
Барои ман зиндони шудан ба чунин муддати дарози Иноятзода хело таачубовар буд чунки дар замони рохбариящ дар Истаравшан хамин шахро хело обод намуд ва аз руи назарсанчии кадом рузномаи хусуси унвони "Раиси мардуми" ро низ касб кард лекин чи хел шуд ки чунин шуд.
Хиёлам аз шамоли Навални тарсида истодаанд, лекин ин шамол бисёр сахт аст.......
Эй галухо мардум монанди селай дар кучо дидед ки дами села бо дубинкаю автомат гирифта мешавад...соли 1917 Илич мардуми истисморшудаи коргархои заводу фабрикахои Петроградро мукобили хукумати подшохии Николай ШУРОНД окибад чи шуд аз Рахмонов Эмомали Шарипович сар карда бокимонда мансабдорони хукумати шуравимаоби Точикистон ХУБ аз таьрих бохабаред барои хамин ФАВРАН даст аз зулму ситами м ардуми Точикистон БАРДОРЕД ру ба мардум биореду дар хидмати ин мардум камар бандед...мутмаин бошед мардум хесту КИЕМ кард макомотм кудрати 80-90фоизаш ба тарафи мардум гузашта шумо хукумати НОАДОЛАТОНАРО бартараф карда тарафдори хукумати мардуми мешаванд...ана бад ман мебинам ки шумо чи гуна ва ба кучо дума ХОДА карда мегурезед...ба Худо КАСАМ холохам ки дер НАШУДААСТ ру ба мардум оварда хамам пулхоие ки дар мудати кариб ЗОсол аз мардум ДУЗДИДА ба офшор бурдаед ба сохибаш яьне МАРДУМ баргадонда аз мардуми ШАРИФИ Точикистон БАХШИШ пурсед чун Худованд рахмону рахим аст бандаи осиву гунакорашро агар аз СИДК тавба кунад мебахшад локин хакки банда аз банда агар аз хамдигар нагузаранд ХАТМАН ситонида мешавад.