Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи "Rabat Grand Prix 2020" дар Марокаш лағв шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Rabat Grand Prix 2020", ки бояд рӯзҳои 6-8-уми март дар Работи Марокаш баргузор шавад, бар асари хуруҷи бемории коронавирус лағв карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ додааст.

Дар хабар гуфта шудааст, Федератсиони байналмилалии ҷудо аз он изҳори таассуф менамояд, ки бинобар хуруҷи шадиди коронавирус ва паҳншавии ин беморӣ дар ҷаҳон, минҷумла дар Марокаш, Гран-при ҷудо дар Работ лағв шуд. Бо қарори ҳукумати Марокаш тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ, намоишгоҳҳо ва ҷамъомадҳои оммавӣ дар ин кишвар лағв ё ба таъхир гузошта шуданд.

Рӯзи душанбеи 2-юми март Вазорати беҳдошти Марокаш аз нахустин мубталошудаи коронавирус дар кишвараш эълон кард. Маркази паҳншавии ин беморӣ кишвари Чин мебошад. Сироятшудагони коронавирус дар ҷаҳон аллакай ба беш аз 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин шумора бештар аз 3 ҳазорашон ҷони худро аз даст додаанд.

"Мо аз рух додани ин ҳодисаи ногаҳонӣ бахшиш мепурсем ва нороҳатиро барои ҳама ҷонибҳои манфиатдор, алахусус барои варзишгарон ва ҳайатҳо дарк мекунем. Айни замон IJF барои ҳалли ин ҳолати ғайричашмдошт ва оқибатҳои он дар тамоми сатҳҳо ҳалли мувофиқро меҷӯяд",-гуфта шудааст дар изҳороти Федератсиони байналмилалии ҷудо.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар "Rabat Grand Prix 2020" 561 варзишгар (337 мард, 224 зан) аз 94 кишвари панҷ қораи дунё номнавис шудааст.

Ба ин мусобиқаи байналмилалӣ, инчунин гуштигирони тоҷик омодагӣ мебинанд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳафт варзишгар –Орифҷон Додов (вазни то 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (вазни то 81кг), Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кг), Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни беш аз 100 кг) - дохиланд.

Зимнан, Гран-при дар Марокаш, ки баъди Grand Prix дар Телавиви Исроил, Grand Slam дар Парижи Фаронса ва Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон чорумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Marrakech Grand Prix 2019), ки рӯзҳои 8-10-уми март дар Марокаш баргузор шуд, Тоҷикистонро се гуштигир – Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов ва Темур Раҳимов – намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Раҳимов медал ба даст овард. Темур дар вазни беш аз 100 кило рақобатро аз даври дувум шуруъ намуда, бар Ҷур Спиҷкерс (Нидерланд) ғолиб омад. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Свен Ҳейнле (Олмон) мағлуб гашт. Сипас Раҳимов Файсел Ҷабаллаҳро аз Тунис шикаст дод ва барои медали биринҷӣ бар Владут Симионеску (Руминия) пирӯз шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG