Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони қазоқ озодии "маҳбусони сиёсӣ"-ро талаб доранд


Эътирозгарони қазоқ озодии маҳбусони сиёсиро талаб доранд, Чимкент, 3-юми март, 2020.
Эътирозгарони қазоқ озодии маҳбусони сиёсиро талаб доранд, Чимкент, 3-юми март, 2020.

Ҳудуди даҳ фаъоли маданӣ 3-юми март дар назди яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳри Чимкенти Қазоқистон ҷамъ шуда, озодии маҳбусони сиёсиро талаб карданд.

Ин талаби фаъолони маданӣ баъди он садо дод, ки додгоҳи Семейи Қазоқистон 3-юми март гуфт, агар додситонӣ зидди қарори он шикоят набарад, раиси пешини ширкати миллии "Қазатомпром" Мухтор Ҷакишев пас аз 15 рӯз озод хоҳад шуд.

Ҷамъомадагон аз қарори озодии Ҷакишев истиқбол карда, гуфтанд, "дар зиндонҳои Қазоқистон маҳбусони сиёсии зиёде низ ҳастанд, ки бояд озод карда шаванд". Онҳо "Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ!" ва "Зинда бод, "Көше партиясӣ! (номи ҳизби сабтиномнашудаи мухолиф)" шиор мепартофтанд.

Ҳамчунин дар назди шаҳрдории Урал, маркази маъмурии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ рӯзи 3-юми март се нафар ҷамъ шуда, озодии онҳоеро талаб карданд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ дар Қазоқистон зиндонӣ шудаанд.

Бино ба рӯйхате, ки шӯрои коршиносии ҳомиёни ҳуқуқ таҳия кардааст, дар ҳоли ҳозир дасти кам 12 нафар бо ангезаҳои сиёсӣ дар зиндонҳои Қазоқистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG