Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров ба Финландия сафар кард


Сергей Лавров ва ҳамтои финландиаш Пекка Ҳаависто баъди мулоқоти рӯзи 3-уми март.
Сергей Лавров ва ҳамтои финландиаш Пекка Ҳаависто баъди мулоқоти рӯзи 3-уми март.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 3 март бо як сафари расмӣ ба Финландия рафт. Вай бо ҳамтои финландии худ Пекка Ҳаависто ва президент Солӣ Ниинисто дар бораи паҳн шудани вируси нав ва кашмакашҳо дар Сурия гуфтугӯ кард. Хабаргузории давлатӣ ”ТАСС “гузориш дод, ки вай бо Ҳаависто гуфтугӯи батафсил ва бо Ниинистон вохӯрии ҷудогона хоҳад дошт. Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, вазирон дар бораи масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дутарафа , минтақавӣ ва масъалаҳои байналмиллалӣ баҳс хоҳанд кард.

Ба гузориши Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки 2 март нашр шуд, дар Финландия 6 мавриди сироят ва дар Русия ду гирифтор ба бемории нав ба қайд гирифта шудааст. Созмон гузориш дод, ки дар 24 соати гузашта шумораи гирифторон берун аз Чин нӯҳ маротиба зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, дар Кореяи Ҷанубӣ, Итолиё, Ҷопон ва Эрон густариши босуръати беморӣ ташвишовар аст . Мақомоти Канада ба сабаби зиёд шудани гирифторон барои сайёҳоне, ки аз Эрон меоянд, чораҳои назорати сарҳадро пурзӯр кардаанд. Мақомоти расмӣ дар Теҳрон гузориш доданд, ки шумораи гирифторон ба 1500 нафар расидаанд ва 66 нафар аз ҷумла як мансабдори баландпоя ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG