Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Ҷопон ба иллати коронавирус метавонанд бе тамошобин баргузор шаванд. Дар ин бора Daily Mail хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, пешниҳоде баррасӣ мегардад, ки дар он Олимпиадаи Токио танҳо тавассути телевизион намоиш дода шавад. Ин тасмим метавонад қарордодҳои телевизионии бисёрмиллиондоллариро қонеъ кунад ва ҳамчун алтернатива барои бекор кардани ҳодиса ё интиқоли он ба ҷои дигар баррасӣ шавад.
Ҷопон, ки барои омодагӣ ба Бозиҳо наздики 12 миллиард доллар сармоягузорӣ намудааст, талош дорад тарсу ҳаросро дар бораи бекор кардани Олимпиада ё интиқоли он ба ҷои дигар аз байн барад.
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC), мавқеи Токиоро ҷонибдорӣ карда, изҳор дошт, созмони ӯ комилан омодааст, ки Бозиҳои олимпӣ аз рӯи ҷадвал аз 24-уми июл то 9-уми август баргузор шаванд.
Ёдовар мешавем, ки шакли номаълуми коронавирус бори аввал дар охири моҳи декабри соли гузашта дар Чин кашф шуда буд. Аз он вақт инҷониб вирус бештар аз 50 кишварро фаро гирифтааст. Дар натиҷа, тақрибан 90 ҳазор ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки 3 ҳазор нафари онҳо ҷон бохтанд.