Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон марде бо гумони даъват ба ғасби ҳукумат боздошт шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти як "фитнаангези тазоҳуроти осоишта" хабар додааст. Ба иттилои кумита, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садоие дар бораи ғасби ҳукумат дар натиҷаи тазоҳуроти эҳтимолии 2-юми март паҳн шудааст.

Ин мард гӯё тариқи суҳбати телефонӣ ба ғасби қудрат дар Қирғизистон аз роҳи хушунатомез даъват кардааст. Дар кумита гуфтанд, ки барои паҳни ингуна мавод ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст ва бинобар ин, ҳоло шахсоне низ ҷустуҷӯ мешаванд, ки дар паҳни навор даст доранд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонии қирғиз Содир Жапаров тасмим доранд, 2-юми март дар майдони марказии шаҳри Бишкек бо талаби раҳоии ӯ тазоҳурот баргузор кунанд.

Содир Жапаров, вакили пешини порлумон ва раиси ҳизби "Мекенчил" дар ташкили ҳамоиши эътирозии Қароқул ва асир гирифтани роҳбари вақти ин минтақа Эмилбек Каптагаев дар соли 2013 айбдор шудааст. Додгоҳ ӯро дар соли 2018 ба муҳлати 11,5 сол зиндонӣ кард.

Моҳи майи соли 2019 вакилони мудофеи Жапаров аз додгоҳ хостанд, ӯро авф кунад, вале додгоҳ ин дархостро рад кард.

XS
SM
MD
LG