Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифтории чаҳор намояндаи Маҷлиси Эрон ба вируси нав тасдиқ шуд


Сокинони Теҳрон дар кӯчаҳо бо ниқоби тиббӣ мегарданд. 27-уми феврали 2020
Сокинони Теҳрон дар кӯчаҳо бо ниқоби тиббӣ мегарданд. 27-уми феврали 2020

Санҷиш гирифтории чаҳор намояндаи Маҷлиси Эронро ба вируси хатарноки "корона" тасдиқ кардааст.

Муҳаммад Алии Вакилӣ, узви порлумони Эрон, рӯзи 28-уми феврал дар "Твиттер" дар ин бора хабар дод. Номи вакилон фош намешавад.

Паҳн шудани коронавирус дар Эрон сабаби бекор шудани намози ҷумъа дар бисёре аз масҷидҳои ин кишвар шуд.

Чанд мақоми эронӣ, аз ҷумла Маъсума Ибтикор, муовини раиси ҷумҳурии Эрон дар умури занону оила, ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Мақомҳои Эрон расман тасдиқ карданд, ки то ин дам 34 нафар дар ин кишвар бар асари вируси нав ҷон бохтаанд. Шумораи гирифторон ба ин вирус дар Эрон беш аз 380 нафар эълон шуд.

Вируси хатарноки "корона", ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун дар ҷаҳон 83 ҳазор нафарро гирифтор карда, боис ба марги 2800 нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG