Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 19 нафар бар асари бархӯрди қатор бо мусофирбар


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи бархӯрди қатор (поезд) ба мусофирбаре дар аёлати Синди Покистон, дастикам 19 кас ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ториқ Колачи, намояндаи роҳи оҳан, рӯзи 28-уми феврал гуфт, "ҳодиса дар наздикии ноҳияи Руҳри, воқеъ дар тақрибан 470-километрии шимоли Карочи, рӯй дод".

Ба қавли ӯ, ҳамаи кушта ва захмишудаҳо мусофирон ҳастанд.

Мақомоти маҳаллӣ ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гуфтаанд, ба камияш 55 тан маҷруҳ шудаанд. Ба қавли мақомот, ҳоли бархе аз захмиён вазнин аст ва эҳтимол шумораи фавтидагон бештар шавад.

То ҳол сабаби ҳодиса маълум нест.

XS
SM
MD
LG