Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон рӯзи интихобот дар куҷо раъй диҳанд?


Акс аз бойгонӣ.

Раҷабалӣ Сафаров, муҳоҷири 25-солаи тоҷик тоза хабар ёфт, ки рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Аниқтараш ин хабарро ба ӯ наздикон аз ватан расонданд ва гуфтанд ба номаш даъватнома омадааст. Раҷабалӣ дар Русия аст ва мегӯяд, намедонад барои овоздиҳӣ ба куҷо биравад. Аммо мақомот мегӯянд, шароити овоздиҳӣ барои шаҳрвандон дар хориҷи кишвар фароҳам шудааст.

Раҷабалӣ дар шаҳри Маскав ва ба гуфтаи худаш 100 километр дуртар аз Сафорати Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар ватан ҷойи кор наёфт ва ҳоло дар мағозае дар Маскав боркашон аст. Ин муҳоҷир мегӯяд, ҳарчанд аз интихобот умеди зиёд надорад, вале агар даъват кунанд иштирок мекунад. "Ман ду рӯз пеш хабар ёфтам, ки рӯзи якшанбе интихобот аст. Ҳоло намедонам, чиро ё киро интихоб кардан даркор",-гуфт Раҷабалӣ.

Аксари ҳамсуҳбатони мо аз ҳисоби муҳоҷирон мегуфтанд, дар бораи интихобот танҳо аз расонаҳои хабарӣ огоҳанд ва намедонанд, ки ба куҷо барои райъдиҳӣ бираванд. Бархе ҳам мегӯянд, ҷойи зисташон аз намояндагиҳои дипломатии Тоҷикстон садҳо километр дур аст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, рӯзи 1-уми март дари беш аз 35 намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа барои райъдиҳӣ боз мешавад.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Русия панҷ нуқтаи раъйдиҳӣ барои шаҳрвандон омода шудааст. Ин нуқтаҳо ба гуфтаи ҷаноби Сатторов, дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, консулгариҳои кишвар дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск ҷойгир шудаанд.

Сафири Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳафтаҳои ахир бо муҳоҷирон суҳбатҳои зиёде доштанд ва аз онҳо даъват карданд "аз ҳуқуқи конститутсонии худ истифода карда", ба райъдиҳӣ биоянд.

Раъйдиҳӣ барои интихоботи порлумонӣ дар 5 қитъаи овоздиҳӣ дар қаламрави Русия аз соати 6.00 то 20.00 ба вақти маҳаллӣ доир хоҳад шуд. Ҳар шаҳрванде, ки вориди қитъаи раъйдиҳӣ мешавад, бояд бо худ шиносномаи Тоҷикистонро дошта бошад. Баъд аз сабти ҷузъиёти шиноснома ба вай ду баргаи раъй пешниҳод мекунанд, ки яке феҳристи умумии ҳизбҳо ва дигаре рӯйхати номзадҳо аз ҳавзаи якмандатӣ дода мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ҳамаи намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба ҳавзаи Шоҳмансур-3 дохил шудаанд ва шаҳрвандони дар хориҷ буда ба номзадҳои ин ҳавза раъй медиҳанд.

Ҳадди ақал панҷ муҳоҷири тоҷик аз чанд минтақаи Русия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, касе онҳоро барои ширкат дар овоздиҳӣ даъват накардааст. Мақомот дар посух ба ин интиқодҳо мегӯянд, барои шаҳрвандон дар хориҷ даъватнома равон карда намешавад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, тариқи ВАО аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки бо шиноснома барои райъдиҳӣ биоянд.

Ба ҷуз аз Сафорати Русия дигар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон низ бо пахши эълонҳои расмӣ аз шаҳрвандони дар хориҷбуда даъват кардаанд, ки дар рӯзи интихобот ба раъйдиҳӣ биоянд. Аммо ин эълонҳои сафоратхонаҳои Тоҷикистон асосан тариқи сафҳаҳои фейсбукии онҳо пахш шудааст, ки зоҳиран бинандаи зиёд надоранд.

Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 460 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа бахусус дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Аммо оморҳои ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион нафар нишон додаанд.

Масъалаи раъйдиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа бахусус муҳоҷирон дар ҳар интихоботи кишвар баҳсҳои зиёдеро ба миён меорад. Мунтақидон мегӯянд, шароит барои раъйи муҳоҷирон дуруст фароҳам нашудааст ва ҳукумат барои ҷазби раъйи муҳоҷирон зиёд моил нест. Иддаое, ки мақомот ҳамеша онро рад кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG