Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Арманистон ба додгоҳ ҳозир шуд


Президенти пешини Арманистон Серж Саргисян, ки дар фасодкорӣ гумонбар аст, 25-уми феврал ба додгоҳи Ереван ҳозир шуд. Ҷонибдоронаш парвандаи ӯро сиёсӣ меноманд.

Ба иттилои "Ахбори Арманистон", додгоҳи Ереван парвандаи президенти пешин Серж Саргисян, молики ширкати "Флеш" Барсег Бегларян, вазири пешини кишоварзӣ Серго Карапетян ва муовини пешини вазири кишоварзии Арманистон Самвел Галстянро баррасӣ дорад.

Саргсян, ки ду давра, аз соли 2008 Арманистонро раҳбарӣ мекард, соли 2018 хост бо ислоҳоти идорӣ ҳамчун сарвазир дар қудрат бимонад, вале ин амалаш боиси эътирозҳои оммавӣ шуд. Дар натиҷа ӯ аз мақомаш истеъфо дода, ба ҷои вай рӯзноманигор Никол Пашинян сарвазир шуд.

"Парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад. Намехоҳанд, ки Саргисян ба сиёсат машғул шавад",-гуфт вакили дифоаш Амрам Макинян дар суҳбат бо хабаргузории "Франс Пресс".

Серж Саргисян моҳи декабри соли гузашта дар ташкили нақшаи фасодкорӣ айбдор шуд. Ҳоло ӯ ҳақ надорад аз Арманистон берун равад. Дар сурати исботи ҷурм ба Саргисяни 65-сола 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG