Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти фаъоли ҳуқуқи мадании қазоқ дар боздоштгоҳ


Дулат Оғодил дар назди боздоштгоҳе дар деҳаи Ақмоли ноҳияи Селиноград. 26-уми ноябри соли 2019.
Дулат Оғодил дар назди боздоштгоҳе дар деҳаи Ақмоли ноҳияи Селиноград. 26-уми ноябри соли 2019.

Дулат Оғодил як фаъоли ҳуқуқи маданӣ дар Қазоқистон баъди як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони пулис дар боздоштгоҳе дар шаҳри Нурсултон вафот кардааст.

Ӯро рӯзи 24-уми феврал бо иттиҳоми саркашӣ аз иҷрои амри додгоҳ дастгир карданд. Раёсати пулиси пойтахти Қазоқистон рӯзи 25-уми феврал гуфт, ки Оғодили 43-сола барои нофармонӣ ба маъмурони пулис ва саркашӣ аз иҷрои амри додгоҳ дастгир шуд. Дар баёнияи пулис омадааст, ки Оғодил ҳангоми боздошт маст буд ва чанд соат баъд бар асари бемории дил даргузашт. Шоми 24-уми феврал дӯстони Дулат Оғодил дар Фейсбук видеоро нашр карданд, ки дар он дида мешавад, чанд марди либоси оддӣ ба бар Оғодилро ба зӯр дастгир карда ва дар дастонаш завлона мебаранд.

Баъди нашри баёнияи пулис, даҳҳо нафар аз тарафдорони Оғодил дар назди вазорати умури дохилии Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон ҷамъ омаданд ва хостанд, ба онҳо дар бораи марги Оғодил маълумоти комил бидиҳанд. Чун касе аз раёсати умури дохилӣ берун наомада ва ба гирдиҳамомадагон сӯҳбат накард, ин мардум кӯчаи марказиеро дар назди вазорат бастанд. Баъди ин маъмурони пулис бо зӯр тазоҳургаронро пароканда карданд ва чанд марду занро ба автобус савор карда буданд.

Бақитҷон Торегожина, раиси созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Шараф.Руҳ.Ҳақ ба Радиои Озодӣ гуфт, вакили дифои Оғодил саъй дорад, доир ончӣ ки иттифоқ афтодааст, маълумоти бештар ба даст биёрад. Ӯ афзуд: “Албатта зарур аст, ки мутахассисони мустақил колбадшикофӣ кунанд ва воқеиятро маълум намоянд ва шакку шубҳаро аз байн баранд.” Ба қавли Бақитчон Торегожина, баёнияҳои расмии мақомоти Қазоқистон, “аксаран гумроҳкунанда ҳастанд.”

Дулат Оғодил аз фаъолони ҳуқуқи маданӣ дар Қазоқистон шинохта буд. Ӯро борҳо барои ширкат дар тазоҳуроти беиҷоза ва нофармонӣ ба маъмурони пулис чанд рӯзӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Аз моҳи августи соли 2019 то кунун ӯ 60 рӯзро дар зиндон сипарӣ кардааст. Моҳи ноябр ӯ як рӯз пеш аз раҳоӣ аз боздоштгоҳ гурехт ва дар сархати хабарҳо дар Қазоқистон қарор гирифт. Ӯ он замон гуфт, ки ба нишони эътироз аз боздошти ғайриқонуниаш фирор кардааст.

XS
SM
MD
LG