Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: "Амрико хоҳони ба таъхир андохтани маросими савгандёдкунии Ғанӣ шуд"


Ашраф Ғанӣ ҳини мулоқот бо Залмай Халилзод ва дигар мақомоти амрикоӣ. 20-уми феврал, 2020.
Ашраф Ғанӣ ҳини мулоқот бо Залмай Халилзод ва дигар мақомоти амрикоӣ. 20-уми феврал, 2020.

Тибқи гузоришҳо, мақомоти амрикоӣ аз Ашраф Ғанӣ хостаанд, ки маросими савгандёдкуниашро ба таъхир андозад. Ашраф Ғанӣ рӯзи душанбе ба ҳадафи баргузории ин маросим, комиссияи махсус таъсис дод. Рақиби аслии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надорад ва худро баранда медонад, низ чунин комиссияро таъсис додааст ва қарор аст рӯзи панҷшанбе савганди президентӣ ёд кунад.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ки рӯзи душанбеи 24-уми феврал ҳадди ақал ду манбаъ гуфтаанд, ки Амрико аз кашмакашҳои интихоботӣ миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ нигарон ҳаст. Ба навиштаи манбаъ, иддаоҳои пирӯзии ду ҷониб, ки Вашингтон ҳеҷ кадомашро ба таври расмӣ табрик нагуфтааст, талошҳои Амрико барои сулҳ бо Толибонро ба таҳдид рӯбарӯ мекунад. Толибон пас аз як соли гуфтугӯҳо бо Амрико, сар аз рӯзи шанбе ба муддати як ҳафта оташбас эълон карданд.

Ҳадаф аз ин оташбас, ҳамвор сохтани роҳ барои имзои як созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон аст. Қарор аст баъд аз имзои ин созишнома, музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ба ҳадафи поёни ҷанг, оғоз шавад.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", бинобар нигарониҳо, Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон аз чанд рӯз ба ин тараф дар Кобул қарор дорад, то Ашраф Ғаниро водор кунанд, ки ин маросимро ба таъхир андозад.

Вазорати умури хориҷии Амрико ва низ Кохи Сафед то кунун дар ин бора чизе нагуфтааст. Сафорати Афғонистон дар Вашингтон нахостааст дар ин робита изҳори назар кунад. Раёсати ҷумҳури Афғонистон низ то кунун ба ин хабар вокунише нишон надодааст.

Як мақоми пешин дар ҳукумати Афғонистон гуфтааст, Халилзод ба Ғанӣ фишор овардааст, ки маросими савгандёдкуниро ба таъхир андозад. Манбаъҳое, ки ин маълумотро додаанд, бинобар ҳассосияти мавзӯъ нахостанд аз онҳо ном гирифта шавад.

Рӯзи душанбеи 24-уми феврал собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва яке аз раҳбарони собиқи муҳоҷиддин Абдураб Расули Сайёф бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷудогона суҳбат карданд. Сайёф баъд аз ин мулоқотҳо ба хабарнигорон гуфтааст, ки ба зудӣ як созиши сиёсӣ ба даст хоҳад омад. Аз ин қабл Халилзод бо Сайёф ва Карзай мулоқот карда буд.

Натиҷаҳои интихоботи президентии Афғонистон рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта пас аз ҳудуди панҷ моҳ эълон шуд ва Комиссияи мустақили интихобот Ашраф Ғаниро бо касби 50,64 дарсад баранда эълон кард. Комиссия орои Абдуллоҳ Абдуллоҳро 39,5 дарсад гуфт. Гулбиддин Ҳикматёр дар мақоми савум қарор гирифт.

Натиҷаҳои интихоботи президенти 28-уми сентябри соли 2019 дар Афғонистонро то ба ҳол ба ҷуз Ҳинд, Шриланка ва Кувейт, ҳеҷ яке аз кишварҳои дунё эътироф накардааст. Пас аз эълони натоиҷ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо онро ба расмият шинохт, аммо бо интиқоди тунди Абдуллоҳ Абдулоҳ рӯбарӯ шуд.

Президенти Амрико Доналд Трамп хуруҷи ҳудуди 13 ҳазор сарбозаш аз Афғонистонро яке аз ҳадафҳои сиёсати хориҷиаш қарор додааст ва имзои созишномаи сулҳ бо Толибон метавонад фурсати Трампро барои пирӯзӣ дар интихоботи имсолаи Амрико бештар созад.

Намояндаи ғайринизомии НАТО дар Афғонистон низ рӯзи душанбе аз ҳама раҳбарони сиёсии афғон хоҳони гуфтугӯи ором ва созиш шуд. Ӯ гуфтааст, ки НАТО аз ҳеҷ ҷонибе, ки танишҳоро доман мезанад, ҳимоят намекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG