Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Анталия ду дастаро бурданд


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии охирини санҷишӣ дар Анталияи Туркия аз тими ҷавонони ССКА-и Маскав бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии панҷуми санҷишии мунтахаби ҷавонони кишвар дар Анталия бо дастаи ҷавонони ССКА-и Маскав рӯзи шанбе, 22-юми феврал, доир гардид. Голи ягонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Исмоилҷон Алимардонов ба самар расонид.

Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия аввалин бозии санҷиширо муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода, дар бозии дувум аз бошгоҳи «Виборг»-и Дания бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Сипас дар бозии севум бар дастаи ҷавонони «Спартак»-и Маскав бо ҳисоби 3:2 ва дар бозии чаҳорум бар тими «КФУМ Роскилле» аз Дания бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад.

Бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Анталия

Тоҷикистон (U-19) Гурҷистон (U-19) 0:0

12-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) «Виборг» (U-19, Дания) – 0:4

15-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) «Спартак» (Маскав, ҳайати ҷавонон) 3:2

Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.

17-уми феврал. Манавгат, Туркия. Варзишгоҳи «Эвренсеки».

Тоҷикистон (U-19) «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Суннатулло Исмоилов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.

19-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) ССКА (Маскав, ҳайати ҷавонон) – 1:3

Голи Тоҷикистон: Исмоилҷон Алимардонов

22-юми феврал. Анталия, Туркия.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG