Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Эрон қатъ шуд.ВИДЕО


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Дар пайи хуруҷи коронавирус ва марги чандин нафар дар Эрон, мақомоти Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳоро аз Душанбе ба шаҳрҳои Эрон қатъ кардаанд. То ин дам аз Душанбе ба Теҳрон ва Машҳад ҳавопаймоҳо парвоз мекарданд. Қаблан Тоҷикистон ба хотири пайдо шудани вируси нави хатарноки COVID 19, парвозҳоро ба Чин қатъ карда буд.

Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон баъд аз зуҳри 24-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ширкати "Вариш эйрлайнс" ва ширкатҳои тоҷикистонӣ мактуб фиристоданд, ки муваққатан аз парвоз ба Эрон худдорӣ кунанд.

То имрӯз аз Душанбе ба шаҳрҳои Машҳад ва Теҳрон асосан ширкати эронии "Вариш" парвоз анҷом медод. Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ин ширкат дархост карданд, ки то "муътадил шудани вазъият, парвозҳоро манъ кунад".

Масъулини Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон субҳи 24-уми феврал гуфта буданд, масъалаи қатъи парвозҳо бо Эрон ба хотири пайдоиши вируси нави корона дар ин кишвар мебошад. Феълан маълум нест, ки парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Эрон кай аз сар гирифта мешаванд.

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Эрон қатъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Феълан аз Тоҷикистон ба Эрон ҳафтае ду парвози ҳавопаймо анҷом мешавад. Хатсайри Душанбе-Машҳад рӯзҳои панҷшанбе ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Теҳрон рӯзҳои душанбе анҷом мешавад. Охирин рейси ширкати "Вариш" субҳи имрӯз 24-уми феврал аз Фурудгоҳи Душанбе парвоз карда буд.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле аз қатъи парвозҳо бо Эрон хабар медиҳанд, ки аллакай шуморе аз кишварҳо марзҳои заминии худ бо ин кишварро бастаанд ва низ парвозҳо аз Эрон ба Туркия, Гурҷистон, Ироқ ва Кувейт қатъ шудааст. Аммо вебсайти "Flightradar24" нишон медиҳад, парвозҳои ширкати "Моҳон" аз Пекин ба Теҳрон ва баръакс идома дорад.

Туркия рӯзи якшанбеи 23-юми феврал эълон кард, ки се роҳи заминии худ бо Эронро бастааст. Вазири тандурустии Туркия ба хабарнигорон гуфт, "аз соати панҷи бегоҳ (ба вақти маҳаллӣ) ҳамаи шоҳроҳҳо ва хатҳои қатора аз тариқи Эрон баста шуданд ва парвозҳои ҳавопаймоҳо аз ин кишвар низ қатъ шуд". Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳои Туркия ҳамчунон метавонанд мусофиронро ба Эрон бозгардонанд.

Аҳмад Замониёни Яздӣ, раиси ҳайати Анҷумани боркашонии байналмилалии вилояти Хуросони Разавӣ ҳам ба хабаргузории эронии ИСНА гуфтааст, ки Туркманистон бинобар бемории корона, "иҷоза намедиҳад мошинҳои борбари кишварҳои дигар аз Эрон вориди он кишвар шаванд". Ба гуфтаи ин масъул, ин иқдом бидуни маълумоти қаблӣ анҷом шудааст ва "мошинҳои зиёде аз Туркия, Эрон ва Қазоқистон бо бор дар марз мутаваққиф ҳастанд".

Расонаҳои Покистон гуфтаанд, ки рафту омад аз гузаргоҳи марзии "Тафтон" қатъ шудааст ва омодагиҳо барои муқобила ба интишори эҳтимолии ин беморӣ дар минтақа оғоз шудааст. Ба гузориши Радиои Покистон, як бемористони саҳроӣ бо 150 тахти хоб дар ҳоли ҳозир дар минтақаи марзӣ бунёд мешавад.

Афғонистон низ марзҳои заминии худро бо Эрон бастааст. Қаблан эълон шуда буд, ки се нафар дар Ҳирот ба ин вирус гирифтор шудаанд. Онҳо аз шаҳри Қуми Эрон баргашта буданд.

Хабаргузории русии "Интерфакс" низ гузориш додааст, ки Гурҷистон барои анҷоми парвозҳо байни ин кишвар ва Эрон маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст. Гурҷистон ҳамчунин хабар додааст, ки чаҳор эронӣ машкук ба вируси корона буданд, вале натиҷаи озмоиши онҳо "манфӣ" будааст.

Нахуствазири Арманистон низ эълом кард, ки ин кишвар марзи заминии худро бо Эрон ба муддати ду ҳафат баста ва парвозҳо байни ду кишвар низ қатъ шудааст. Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон низ эълом кард, ки содир кардани виза барои шаҳрвандони Эрон мутаваққиф шудааст.

Мақомоти Эрон мегӯянд, то кунун 8 нафар бар асари сирояти вируси нав ба ҳалокат расидаанд. Баъд аз Чин маркази хуруҷи беморӣ, Эрон дуввумин кишвари дунё бо болотарин талафот аз вируси COVID-19 шуд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи 23-уми феврал зимни сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, то ин рӯз 15 мавриди нави сирояти вирусро сабт кардаанд ва дар умум ин вирус 43 нафарро бемор кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG