Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, нафари панҷуми олуда ба вируси нав даргузашт


Эрон. Бисёриҳо бо ниқоби тиббӣ гаштугузор мекунанд
Эрон. Бисёриҳо бо ниқоби тиббӣ гаштугузор мекунанд

Рӯзи 22 феврал мақомоти беҳдошти Эрон гуфтанд, ки нафари панҷуми олуда ба вируси нав даргузашт, дар ҳоле, ки ҳодисаҳои гирифторӣ ба ин вирус даҳ адад зиёд шуд.

Киёнуш Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ин изҳоротро дар телевизиони давлатии кишвар пахш кард, вале зиёд ҷузъиёт надод. Рӯзи 21 феврал ҳам мақомот аз марги ду нафар фарди олуда ба вирус дар Эрон хабар доданд. Ду ҳодисаи марги аз ин пеш ҳам ҳафтаи ҷорӣ тасдиқ шуда буд. Ҷаҳонпур гуфт, ки аз даҳ ҳодисаи нави олудагӣ ба вирус ду нафарашон сокини Теҳрон ва ҳашт нафарашон сокини Қум мебошанд.

Вазири беҳдошт Мину Муҳраз гуфт, ки вирус эҳтимолан аз кормандони чинӣ сироят кардааст, ки баъди боздид аз Чин ба Қум барои кор баргаштанд. Ӯ ҷузъиёт надод, вале дар Қум як ширкати чинӣ машғули бунёд кардани истгоҳи барқи офтобӣ мебошад. Дар кишвари дигар – Арабистони Саудӣ мақомот гуфтанд, ки сокинону шаҳрвандони ин шоҳигарӣ баъди хабарҳои паҳнавшии вирус ҳақ надоранд ба Эрон сафар кунанд. Он нафароне, ки мехоҳанд баргарданд, аввал бояд аз даври 14-рӯзаи карантинӣ гузаранд.

Дар худи Чин – макони пайдошавии вирус то ҳол шумори фавтидаҳо 2300 нафарро ташкил додааст. Кишвари дигаре бо шумори зиёди қурбониҳо Кореяи Ҷанубӣ аст, ки ин ҷо теъдоди умурии гирифторон 346 нафар мебошад. Дар Итолиё марди 78-солае бар асари коронавирус даргузашт ва ин нахустин ҳодисаи марг бар асари ин вирус дар Аврупо шуд.

XS
SM
MD
LG