Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Абдуллоҳ аз Аврупо барои эътирофи натиҷаҳои интихоботи Афғонистон


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади интихоботи президентӣ ва раиси иҷроияи Афғонистон.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади интихоботи президентӣ ва раиси иҷроияи Афғонистон.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳои интихоботи президентӣ ва раиси иҷроияи ҳукумати феълии Афғонистон, аз Иттиҳоди Аврупо барои ба расмият шинохтани натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар, ки дар он Ашраф Ғанӣ баранда эълон шуд, интиқод кард.

Абдуллоҳ рӯзи панҷшанбеи 20-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "интихоботе, ки рӯзи сешанбе эълон шуд, ғайриқонунӣ аст ва аксари мардуми Афғонистон онро қабул надоранд". Ӯ афзуд, натиҷаҳои интихобот нишон медиҳад, ки он "ҳосили тақаллубҳо ва қонуншиканиҳои ҷиддии интихоботӣ аст".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар қисмати дигаре аз паёми худ гуфтааст, "ба унвони барандаи ҳақиқӣ, мо тасмим гирифтем як ҳукумати фарогир ташкил диҳем ва бо ҳадафи даст ёфтан ба як натиҷаи одилона, бо ҳама тарафҳо гуфтугӯ кунем. Мо дар айни ҳол аз дӯстони хориҷии худ мехоҳем, ки бетараф бимонанд, ба усули худ вафодор бошанд ва ба як раванд ва натиҷаи одилона эҳтиром бигузоранд".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи чаҳоршанбе низ бо фиристодани нома ба сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Кобул, аз онҳо хост, ки натиҷаҳои эъломшуда аз сӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро ба расмият нашиносанд.

Номаи эътирозии Абдуллоҳ рӯзи панҷшанбеи 20-уми феврал ба Ҷозеф Боррел масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо навишта шудааст. Боррел рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ашраф Ғанӣ пирӯзии ӯро дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон табрик гуфт.

Дафтари масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе гуфт, ки Боррел дар ин тамоси телефонӣ аз мушорикати мардум дар ин интихобот истиқбол кардааст. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз фаъолияти комиссияҳои интихоботи Афғонистон, ки бо таҳдидҳои душворе рӯбарӯ буданд, ситоиш кардааст.

Аммо ба ғайр аз Ҷозеф Боррел то кунун ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди натиҷаҳои интихоботи президентии Афғонистон хомӯширо ихтиёр кардааст. Танҳо амири Кувейт ва Вазорати умури хориҷии Ҳинд натиҷаҳои интихоботро ба Ашраф Ғанӣ табрик гуфтаанд.

Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео рӯзи гузашта дар сафараш ба Арабистони Саудӣ гуфт, ки дар бораи натиҷаҳои интихоботи Афғонистон чизе барои гуфтан надорад, ҷуз ин, ки натиҷаҳоро аз наздик дунбол мекунад ва мехоҳад мутмаин шавад, ки ҳама чиз комилан дуруст аст.

Сафорати Эрон дар Кобул бо нашри як хабар навишт, ки ин сафорат дар робита ба эълони натиҷаҳои интихоботи Афғонистон изҳори назар накардааст. Покистон -- ҳамсояи дигари Афғонистон низ гуфтааст, ки таҳаввулоти Афғонистонро аз наздик пайгирӣ мекунанд.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ба натиҷаҳои интихоботи Афғонистон вокуниши эҳтиёткорона нишон додааст. Дафтари СММ дар баёнияи худ гуфтааст, ки нигаронии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигар номзадҳо ва тарафдорони онҳо дар мавриди натиҷаҳои ниҳоии интихоботро мадди назар қарор хоҳад дод.

Натиҷаҳои интихоботи президентии Афғонистон рӯзи сешанбе пас аз ҳудуди панҷ моҳ эълон шуд ва Комиссияи мустақили интихобот Ашраф Ғаниро бо касби 50,64 дарсад баранда эълон кард. Комиссия орои Абдуллоҳ Абдуллоҳро 39,5 дарсад гуфт. Гулбиддин Ҳикматёр дар мақоми савум қарор гирифт.

Абдурашид Дӯстум, шарики интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва муовини аввали президенти Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе аз тарафдоронаш хост то дар эътироз ба интихоби дигарбораи Ашраф Ғанӣ тазоҳурот кунанд. Ӯ натиҷаҳои интихоботро як "табаддулот" хонд. Ӯ дар суханрониаш ҳамчунин аз тарафдоронаш хост то "пирӯзии Абдуллоҳ"-ро ҷашн бигиранд.

Таъкиди Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ташкили як ҳукумати дигар ва "фарогир", ёдовари ихтилофҳои шадиди ду номзади аслӣ дар пайи эълони натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2014 аст, ки дар он низ оқои Ғанӣ аз сӯи комиссияҳои интихоботӣ баранда эълон шуд.

Иттиҳомоти густурда оид ба тақаллуб дар интихоботи президентии соли 2014, боиси кашмакаши ҷиддӣ байни номзадҳои пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шуда буд. Дар ниҳоят ин бӯҳрон бо миёнҷигарии Амрико ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳал шуд. Тибқи он тавофуқ, Ашраф Ғанӣ ба мақоми раиси ҷумҳур расид ва мақоми наве бо унвони раиси иҷроия барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъсис дода шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG