Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон ба "Фейсбук" қадам ниҳод, вале ҳанӯз беҷуръатона


Бо вуҷуди начандон густарда буданаш, таблиғу даъват ва баҳсҳои парокандаи интихоботии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ падидаи нав аст. Камрангии корзор дар ин шабакаҳо аз як сӯ бозтоби фазои мавҷудаи интихоботӣ шумурда мешавад, аммо аз сӯе ҳам, ба гуфтаи коршинос Рустам Гулов, баёнгари онки ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ҳанӯз "роҳҳои истифода" аз ин шабакаҳоро "хуб намедонанд".

Раҳмон Ҷаҳонафрӯз Қурбонзода, номзад ба мақоми вакили порлумон, ба фарқ аз довталабони дигар барномаҳои худро дар "Фейсбук" таблиғ карда, то ин дам беш аз сад шарҳу вокуниш гирифтааст. Ӯ рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки шабакаҳои иҷтимоӣ майдони озод аст, "дар шароити Тоҷикистон майдони васеъ нест".

"Бештар бо интихобкунандҳо вомехӯрем. Мардум суҳбати рӯбарӯро меписанданд. Дар шабакаҳо саҳифаҳои фейкӣ ё дурӯғин бисёранд. Баъдан чанд нафари онҳо аз ҳавзае ҳастанд, ки ман номзад шудаам ва ба интихобот рафта, ба ман раъй медиҳанд? Ин як василаи ёрирасон асту бас", -- афзуд ӯ.

Сафҳаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар "Фейсбук"
Сафҳаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар "Фейсбук"

Дидори рӯбарӯ бо интихобкунандагон, ба ақидаи сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, "усули куҳнаест, ки ҳам вақти зиёд мегирад ва ҳам ҳосили кам дорад".

Вай афзуд: "Мумкин аст, дар маҳалҳо дар як рӯз бо сад ё дусад нафар вохӯранд, аммо ба воситаи "Фейсбук" метавон ба ҳазорҳо нафар таъсир расонд. Дар замони ҳозира ин муқоисанашаванда аст".

Як ҷустуҷӯи кӯтоҳ дар "Инстаграм"-у "Фейсбук" ва "Одноклассники" нишон дод, ки саҳифаҳое бо номи "Интихобот" ва "Интихобот 2020" ё таблиғи барномаву номзадҳои алоҳида ҳаст, аммо матлаби кофӣ ва баҳси гарм надорад.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, маъракаи имсолаи интихобот натанҳо дар фазои воқеӣ, балки олами маҷозӣ ҳам "чандон пуршӯр нест".

"Баъзан муаррифии номзадҳо ҳаст, вале эҳсоси инки дар кишвар ягон ҳодисаи муҳим мегузарад ё интихобот аст, дида намешавад. Касе мунтазири "сюрприз" нест",-афзуд ӯ.

Абдураҳмон Хонов, намояндаи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи имсола шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус "Фейсбук"-ро ба ҳайси яке аз майдонҳои муҳими таблиғот истифода мекунанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ низ дар "Фейсбук" фаъоланд. Ҳизби кишоварзӣ аккаунт ё ҳисоби корбарӣ дорад, аммо ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ, коммунист ва сотсиалистӣ ҳанӯз дар олами маҷозӣ нестанд. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "ба зудӣ саҳифа мекушоянд".

Сафҳаи раҳбари ҲСДТ дар "Фейсбук"
Сафҳаи раҳбари ҲСДТ дар "Фейсбук"


Иршод Сулаймонӣ, пажӯҳишгари тоҷик, ки ҳузури ҳизбҳои сиёсиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ кардааст, дар матлабе навишт, ягон раиси ҳизби сиёсии Тоҷикистон "дар Твиттер, ки ҷойи "ҷанги сиёсатмадорон"-и дунё ном бурда мешавад, ҳузур надорад. Дар мавриди шабакаҳои дигар, аз ҷумла Инстаграм ва Ютюб ҳоҷати гап нест".

Дар ҳоле ки нашрияҳо ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳизбҳо дастрас нест ва мухолифон дар панҷ сол як бор рӯи экрани телевизионҳо намудор мешаванд, коршиносон шабакаҳои иҷтимоиро яке аз роҳҳои муҳими таблиғ мешуморанд.

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ҳизбҳо ва шахсиятҳо дар аксар кишварҳои дунё "хеле самарабахш аст". Ӯ таҷрибаи президенти Амрико Доналд Трамп дар "Твиттер" ва раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар шабакаҳои дигари иҷтимоиро барои расидан ба ҳадаф мисол овард, аммо афзуд, қазияи сиёсатмадорони тоҷик фарқ мекунад.

"Сабаб дар он аст, ки новобаста аз фаъол будан ё набудан сарнавишти онҳо маълум аст. Дигар инки бояд дар "Фейсбук" таҳлил кунанд, мушкилҳоро гап зананд ва ба суолҳо ҷавоб гӯянд. Аксарият ҷуръати гуфтан надоранд. Метарсанд, ки агар ба таври ҷиддӣ масъалаҳоро баён кунанд, аз ҳизб меронанд", -- гуфт Муллоҷонов.

Сафҳаи як номзади интихобот дар шабакаи иҷтимоӣ.
Сафҳаи як номзади интихобот дар шабакаи иҷтимоӣ.


Бино ба гузориши Digital 2020, ки моҳи январи имсол нашр шуд, тақрибан дуним миллион аҳолии Тоҷикистон аз Интернет истифода мекардаанд ва беш аз 600 ҳазори онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад ва беш аз дусад нафар барои 63 курсии порлумон вориди сабқат шудаанд. Фурсати каме барои таблиғи номзадҳо ва барномаҳояшон мондааст. Аксари ҳизбҳо ба маблағ ва имкониятҳое умед бастаанд, ки мақомот барояшон медиҳанд.

Дар гузашта созмонҳои байналмилалӣ маъракаи омодагиҳо ба интихобот дар Тоҷикистонро танқид кардаанд. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар хулосаи яке аз интихоботҳо навиштаанд, ки "маъракаи интихоботӣ аз баҳсҳо холӣ буд". Нуктае, ки зоҳиран тағйир накардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG