Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди дувуми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Анталия


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии санҷишӣ бар тими «КФУМ Роскилле» аз Дания бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Бозии чоруми санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) муқобили «КФУМ Роскилле» дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия рӯзи чоршанбе, 19-уми феврал, доир гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Суннатулло Исмоилов ва Муҳаммадалӣ Азизбоев ба самар расониданд.

Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия аввалин бозии санҷиширо муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода, дар бозии дувум аз бошгоҳи «Виборг»-и Дания бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуданд ва дар бозии севум дастаи ҷавонони «Спартак»-и Маскавро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби ҷавонони кишвар дар Анталия боз як бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Ҷавонони тоҷик рӯзи шанбе, 22-юми феврал, бо тими ҷавонони ССКА-и Маскав рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад.

Бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Анталия

Тоҷикистон (U-19) – Гурҷистон (U-19) – 0:0

12-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) – «Виборг» (U-19, Дания) – 0:4

12-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) – «Спартак» (Маскав, ҳайати ҷавонон) – 3:2

Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.

17-уми феврал. Манавгат, Туркия. Варзишгоҳи «Эвренсеки».

Тоҷикистон (U-19) – «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Суннатулло Исмоилов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.

Тоҷикистон (U-19): Самандар Каримов, Исроил Холов, Асадбек Зиёзода, Алиҷон Кароматуллозода, Маҳмуд Пиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Иброҳим Зокиров, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов, Азизбек Ҳасанов, Суннатулло Исмоилов.

19-уми феврал. Анталия, Туркия.

22-юми феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-19) – ССКА (Маскав, ҳайати ҷавонон)

Анталия, Туркия.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG