Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои украинӣ ба Вуҳани Чин парвоз кард


Беморхонаи Салиби Сурх дар Вуҳани Чин
Беморхонаи Салиби Сурх дар Вуҳани Чин

Ҳукумати Украина бо таъхири сесоата ба Вуҳани Чин ҳавопаймоеро сафарбар кард, ки қарор аст украиниҳову хориҷиҳоро аз он ҷо берун оварад. Вуҳан макони аслии пайдошавии вируси марговари чанд моҳи охир ба шумор меравад. Ҳавопаймое, ки баъди соати 2 шаб фурудгоҳи Борисполро тарк кард, нахуст ба Алмаатои Қазоқистон парвоз кард ва аз он ҷо ба маркази вилояти Ҳубеи Чин меравад. Дар як рӯзи гузашта дар ин минтақа 132 нафари дигар бар асари олудагӣ ба вирус ҷон доданд. Дар маҷмӯъ, ба иттилои мақомот дар Пекин, то имрӯз бар асари вируси COVID-19 дар Чин 2004 нафар ҷон дод. Шумори нафарони олудашуда ба вирус дар саросари Чин ба 74,185 нафар мерасад ва 700 нафари дигар дар нуқоти дигари ҷаҳон бо ин вирус бистарӣ ҳастанд. Интизор меравад, ки ҳавопаймои украинӣ субҳи 20 феврал ба Киев баргардад. Вазорати беҳдошти Украина гуфт, ки қарор аст аз Вуҳан 49 шаҳрванди Украина ва 25 хориҷӣ оварда шаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Исроил, Норвегия, Черногория (Монтенегро), Аргентина, Панама, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминикан, Эквадор ва Испания мебошанд. Баъди оварда шуданашон ба Украина ҳамаи онҳо ба мӯҳлати 14 рӯз ба карантин фиристода мешаванд.

XS
SM
MD
LG