Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғанӣ баранда эълон шуд. Доктор Абдуллоҳ мегӯяд, "ҳукумати дигар ташкил медиҳад"


Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ.
Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбеи 18-уми феврал Ашраф Ғанӣ, президенти феълии он кишварро барандаи интихоботи соли гузашта эълон кард. Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби аслии ӯ ин натиҷаро напазируфтааст. Вазъияти пешомада Афғонистонро дар рӯбарӯи боз як бӯҳрони дигари сиёсӣ қарор додааст.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълон кард, ки тибқи натиҷаҳои расмӣ, Ашраф Ғанӣ бо ба даст овардани 50,64 дарсади орои интихобкунандагон барои панҷ соли дигар раиси ҷумҳури Афғонистон шуд. Тибқи қонуни интихоботии Афғонистон, агар яке аз номзадҳо беш аз 50 дарсади овозҳоро ба даст биорад, дигар ниёз ба даври дувуми интихобот намемонад.

Интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 28-уми сентябри соли гузашта баргузор шуда буд ва эъломи натиҷаҳои он ҳудуди панҷ моҳ тӯл кашид. Бинобар шикояти номзадҳо аз тақаллуби густурда дар шумориши раъйҳо, натиҷаҳои ниҳоӣ танҳо рӯзи 18-уми феврали 2020 эълон шуд.

Ашраф Ғанӣ чанд соат баъд аз эълони натиҷаҳо дар миёни тарафдоронаш дар қасри президентӣ дар Кобул суханронӣ кард ва баранда шуданаш дар интихоботро "пирӯзии мардуми Афғонистон" хонд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки то ҳол раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон мебошад, тибқи эълони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон 39,52 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва дар мақоми дувум қарор гирифт.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз эълони натиҷаҳои интихобот, дар як ҳамоиш пирӯзии худ дар ин интихоботро эълом кард ва гуфт, "ҳукумати дигаре, ки фароргир бошад", ташкил хоҳад дод. Оқои Абдуллоҳ ин натиҷаи интихоботро "натиҷаи дуздии интихобот, табаддулот бар мардумсолорӣ" хонд ва гуфт, ки ин натиҷа "аз асос ғайриқонунӣ" аст.

Тибқи натиаҳои эъломшуда аз тарафи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, аз раҳбарони ҷиҳодӣ бо ба даст овардани 3,85 дарсади раъйҳо, дар мақоми севум қарор гирифтааст.

Довуд Султонзай, раиси Ситоди интихоботии Ашраф Ғанӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод аз натиҷаҳои интихобот истиқбол кард ва гуфт, "системаи интихоботӣ ба хубӣ кор кардааст". Ӯ афзуд, "мутаассифона таъхири беҳуда дар эълони натиҷаҳо бинобар дахолатҳои бемаънӣ, боиси нигарониҳои мардум шуд".

Фаридун Хавозун, сухангӯи маъракаи интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, натиҷаи эъломшуда аз сӯи Комиссияи мустақили интихобот "машруият надорад". Ӯ ба Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод гуфт, "ин натиҷаҳо пазируфтанӣ нест. Мо бо он мухолиф ҳастем".

Ба иттилои бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар вокуниш ба эълони натиҷаҳои интихобот ва эълони пирӯзии Ашраф Ғанӣ, ин интихоботро "намоишӣ ва ҷаълӣ" хондааст.

Тибқи омори расмӣ, дар интихоботи ахири Афғонистон аз маҷмӯи ҳудуди 9 миллион нафаре, ки ҳаққи раъй доданро доштанд, ҳамагӣ 1,8 миллион нафар иштирок карданд. Эълони натиҷаҳои ниҳоӣ бинобар бозшумории раъйҳо дар бархе вилоятҳо ба таъхир афтод.

Иттиҳомоти густурда оид ба тақаллуб дар интихоботи президентии соли 2014, боиси кашмакаши ҷиддӣ байни номзадҳои пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шуда буд. Дар ниҳоят ин бӯҳрон бо миёнҷигарии Амрико ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳал шуд. Тибқи он тавофуқ, Ашраф Ғанӣ ба мақоми раиси ҷумҳур расид ва мақоми наве бо унвони раиси иҷроия барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъсис дода шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG