Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравии артиши Сурия дар Идлиб ва Ҳалаб. Гуфтугӯи телефонии Трамп ва Эрдуғон


Нерӯҳои туркӣ дар атрофи Идлиб. Феврали 2020.
Нерӯҳои туркӣ дар атрофи Идлиб. Феврали 2020.

Президенти Амрико Доналд Трамп бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ сӯҳбат карда, бо ибрози нигаронӣ аз вазъ вилояти Идлиби Сурия, аз Русия хостааст, ки аз нерӯҳои Башор Асад ҳимоят накунад.

Ба иттилои Кохи Сафед, Доналд Трамп дар ҷараёни ин гуфтугӯ гуфтааст, Амрико мехоҳад Русия ба ҳимояташ аз нерӯҳои ҳукумати Сурия поён диҳад. Президенти Амрико ҳамчунин хостори "ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои поёни бӯҳрони Сурия шудааст".

Муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки ин гуфтугӯи телефонӣ рӯзи 16-уми феврал ба вақти Амрико анҷом шуд ва Трамп "аз талошҳои президент Эрдуғон барои пешгирӣ аз як фоҷеаи инсонӣ, ташаккур кардааст".

Ҷанги дохилии Сурия аз 9 сол ба ин тараф идома дорад. Муноқишаи рӯзҳои ахир байни нерӯҳои ҳукумати Сурия ва низомиёни Туркия бори дигар дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Туркия аз нерӯҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекунад.

Тибқи гузоришҳо, рӯзи 16-уми феврал нерӯҳои артиши Башор Асад тавонистанд бо ҳимояти ҳавоии Русия деҳаҳо ва шаҳрҳои бештареро дар минтақаи Идлиб ба назорати худ дароваранд.

Телевизиони давлатии Сурия низ рӯзи якшанбеи 16-уми феврал эълон кард, ки артиши ин кишвар қисматҳои асосии вилояти Ҳалабро дар шимол-ғарби он кишвар тасарруф кардааст. Дар ин ҳамлаҳо ҳам ҳавопаймоҳои Русия ва ниманизомиёне, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, ба ҳукумати Сурия ёрӣ расонидаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия гуфтааст, ваъият ва бӯҳрони пешомада дар вилояти Идлиб танҳо вақте ҳал мешавад, ки артиши Сурия аз ин минтақа ба марзҳои муайяншуда дар созиши соли 2017 байни Туркия ва Сурия, бозгардад.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз охирҳои соли гузашта то ба ҳол беш аз 800 ҳазор нафар аз сокинони вилоятҳои Ҳалаб ва Идлиб овора шудаанд.

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен ба ҳамтои олмонии худ гуфтааст, агар оташбас ба даст наояд, эҳтимол дорад ду миллион шаҳрванди суриягӣ ба тарафи марзҳои Туркия ҳаракат кунанд.

Гуфтугӯи телефонии президентҳои Амрико ва Туркия дар остонаи даври нави музокирот байни Анқара ва Маскав сурат гирифтааст. Музокирот қарор аст рӯзи душанбеи 17-уми феврал дар Маскав -- пойтахти Русия, баргузор шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG