Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи 24" пуштибониашро аз ҲСДТ ва номзадҳои он эълон кард


Дар акс: Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Сӯҳроби Зафар, раиси ҷунбиши фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24"
Дар акс: Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Сӯҳроби Зафар, раиси ҷунбиши фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24"

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа пуштибонии худро аз Ҳизби сотсиал-демократ ва номзадҳои он дар интихоботи порлумонии моҳи март эълон кард.

"Гурӯҳи 24" рӯзи 10-уми феврал бо нашри баёнияе аз аъзову намояндаҳо ва ҳаводоронаш хост, ки нисбат ба интихобот ва номзадҳои ҲСДТ бетараф набошанд. "Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягона ҳизби мустақили сабтиномшуда дар Тоҷикистон ва шоистаи пуштибонӣ дар интихобот аст", -- гуфта шудааст дар баёния.

Фаъолияти "Гурӯҳи 24" шаш сол боз дар Тоҷикистон мамнуъст. Масъулони созмон фаъолиятҳои худро сиёсӣ медонанд, аммо мақомоти тоҷик экстремистӣ эътироф кардаанд.

Вокуниши раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба эълони "Гурӯҳи 24" ҳанӯз маълум нест.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, 241 номзад вориди сабқат шудаанд ва барои соҳибӣ ба 63 курсии вакили Маҷлиси Намояндагон талош доранд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ин сабқат бо панҷ номзад ворид шудааст, ки дар садри он Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизб қарор дорад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон то ин дам дар порлумон ҳеч курсӣ надошт. Дар интихоботҳои гузашта мақомот гуфта буданд, ки ҳизб овози заруриро ба даст наовардааст. Раҳбарияти ҲСДТ бовар дорад, ройи тарафдорони онҳо "дуздидаанд".

Фаъолияти "Гурӯҳи 24", ки ҳамакнун аз Ҳизби сотсиал-демократ дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ ҳимоят кардааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олӣ манъ шуд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст, ки соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми узвият ва тарафдорӣ аз ин ҷунбиш дастгиру зиндонӣ шудаанд.

Як гуруҳ аз аъзои пешини ин гуруҳ баъди бозгашт ба Тоҷикистон афв шудаанд ва соли гузашта дар номае аз Додгоҳи олӣ хостанд, ки фаъолияти созмонро иҷоза бидиҳад, аммо дархости онҳо рад шуд.

Солҳои охир раҳбарони “Гурӯҳи 24” бештар тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Онҳо асосан дар Туркияву Русия ва кишварҳои аврупоӣ ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG