Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 161 нафар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ. 14-уми феврали 2020
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ. 14-уми феврали 2020

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта 161 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро дастгир кардаанд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, қисми бештари ин афрод ба узвият дар гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ", ҳаракати “Салафия” ва Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам мешаванд. Назари наздикон ва вакилони боздоштшудаҳо феълан дастрас нест, аммо дар гузашта баъзе афроди муттаҳам ба ифротгароӣ худро бегуноҳ хонда, қазияашонро сиёсӣ гуфта буданд.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз 161 нафаре, ки ба узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро муттаҳаманд, 50 нафарашон дар хориҷа дастгир шуда, ба кишвар оварда шудаанд.

Нисфе аз боздоштшудаҳо, ба гуфтаи вазир, ҷавон ҳастанд. Раҳимзода шумори афроди дастгиршударо чунин баршумурд:

  • 81 узви “Давлати исломӣ”,
  • 54 узви “Салафия”,
  • 8 узви ҲНИТ,
  • 3 увзи “Ҷамоати Ансоруллоҳ,
  • 2 узви “Ҳаракати исломии Туркистон”,
  • 1 узви “Ал-Қоида”
  • 1 узви Толибон.

Назари муттаҳамон ва пайвандону вакилони дифои муттаҳамон феълан маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, рӯзи 14-уми феврал дар номае ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "инки 8 узви ҲНИТ дар соли гузашта боздошт шудааст, наметавонем дақиқ чизе бигӯем, зеро ному насаби онҳо эълон нашудааст. Дар гузашта афродеро ҳамчун узви ҲНИТ боздошт ва эълон карда буданд, ки аслан ба ҲНИТ рабт надоштанд ё солҳо пеш сафи онро тарк карда буданд."

Айни замон, ба навиштаи онҳо, "ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дошт ва ҳазорон нафар тарки кишвар карда, боқӣ дар дохили кишвар ҳастанд. Ҳукумат ҳам бо онҳо ҳамчун гаравгон муносибат мекунад ва ҳар вақт лозим шуд метавонад ҳар яки онҳоро боздошт кунад."

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ озодиҳои мазҳабиро дар кишвар маҳдуд мекунад. Интиқоде, ки мақомот онро рад мекунанд.

Тибқи омори вазири корҳои дохилӣ масъулони ин ниҳод дар соли гузашта аз 2 талоши анҷоми амалҳои террористӣ пешгирӣ кардаанд. Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД гуфт, ҳардуи ин амалҳо аз ҷониби пайравони гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба нақша гирифта шуд.

Ба гуфтаи Ҳафиззода, афроди боздошшуда мехостаанд амалҳои худро дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ анҷом диҳанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Шодӣ Ҳафиззода низ дар бора ин ҳамлаҳо ҷузъиёт надод.

Соли гузашта дар Тоҷикистон ду ҳодисае рух дод, ки мақомот онҳоро амали террористӣ гуфтанд. Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат дар моҳи май ва ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар моҳи ноябри соли 2019, ки гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳардуи онро ба уҳда гирифт. Вале гурӯҳ ё созмонҳои мустақил ҳанӯз имкони таҳқиқи бетарафонаи ҳодисаҳоро надоранд.

XS
SM
MD
LG