Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Сурия "наслкушӣ"-и арманиҳоро эътироф кард


Порлумони Сурия рӯзи 13-уми феврал куштори арманиҳо дар замони императории усмониро "наслкушӣ" эътироф кард.
Порлумони Сурия рӯзи 13-уми феврал куштори арманиҳо дар замони императории усмониро "наслкушӣ" эътироф кард.

Порлумони Сурия рӯзи панҷшанбе бо қабули як қатънома куштори арманиҳоро дар давраи императории усмонӣ қатли ом эътироф кард. Ин қатънома дар пасманзари якбора бад шудани муносибатҳои Анқара ва Димишқ ба тасвиб расид. Миёни нерӯҳои Туркия ва Сурия дар рӯзҳои ахир дар вилояти Идлиб чандин бор задухӯрдҳои мустақим сурат гирифт.

Раиси порлумони Сурия рӯзи панҷшанбе Туркияро дар таҷовуз ба хоки кишвараш айбдор карда, гуфт, "зидди бародарони арманӣ низ гузаштагони Эрдуғон (президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон) ҷиноят содир карда буданд". Туркия дар посух Сурияро ба дуруғгӯӣ айбдор кард.

Раҷаб Эрдуғон ахиран Русияро дар ҳамла ба сокинони осоиштаи вилояти Идлиби Сурия айбдор кард. Вай ҳамчунин нерӯҳои ҳукумати Сурияро таҳдид намуд, ки агар бори дигар ба низомиёни турк ҳамла кунанд, ҳадафи ҳамлаи ҷавобӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳафтаи равон дидбонгоҳи назоратии нерӯҳои Туркия дар Идлиб мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа беш аз даҳ низомии турк кушта шуд. Анқара аз Москва хост, ба президенти Сурия Башор Асад фишор орад, то амалиёти ҷангиро дар минтақа қатъ кунад.

Вазорати дифои Туркия рӯзи 13-уми феврал гуфт, низомиёни ин кишвар дар вилояти Идлиби Сурия низоми оташбасро таъмин ва ҳар касе онро нақз кард, муҷозот хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG