Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагӣ ба мушкили марди соҳиби 11 фарзанд аз Тоҷикистон дар Русия


Абдуманнон Сатторов бо зану кӯдаконаш дар таваллудхона
Абдуманнон Сатторов бо зану кӯдаконаш дар таваллудхона

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба падари 11 фарзанд аз Тоҷикистон иҷоза додаанд, ки дар фурсати кӯтоҳ ва бе навбат санади ҳаққи иқомат дар ин кишварро бигирад.

Абдуманнон Сатторов, ки ҳамроҳ бо ҳамсари русаш Светлана Сатторова дар деҳаи Мала Дубнаи минтақаи Орехово-Зуевои вилояти Маскав зиндагӣ мекунад, моҳи феврали имсол соҳиби тифли ёздаҳум шуд. Вай панҷ писар ва шаш духтар дорад.

Мушкил дар он аст, ки бо вуҷуди серфарзандӣ ва издивоҷаш бо ҳамсари рус, Абдуманнон Сатторов санадҳои расмии иқомату кор дар Русияро надорад. Ба сарнавишти онҳо, танҳо баъд аз нашри гузоришҳои интиқодӣ дар бораи мушкилоти ин хонавода таваҷҷӯҳ шудааст.

Хабаргузории “Интерфакс” навишт, аризаи Абдуманнон Сатторов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи гирифтани ҳаққи иқомати доимӣ дар Русия моҳи сентябри соли 2019 пешниҳод шуд, вале дар ин муддат ҳеч посух нагирифт. Дар ниҳоят, ҳамсараш, ки бояд фарзанди 11-умро таваллуд мекард, бо истифода аз расонаҳо ба мақомот муроҷиат кард, то ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд.

Светлана Сатторова ба мақомот гуфт, маъмулан дар шаҳрҳои марказие ба мисли Маскав ба хонаводаҳои соҳиби чаҳор фарзанд саривақт ёрии зарурӣ, аз ҷумла дар дарёфти манзил расонда мешавад, вале дар баррасии аризаи онҳо таъхир мекунанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии вилояти Маскав гуфтанд, санадҳои Сатторов дар фурсати кӯтоҳ баррасиву таҳия мешаванд.

Баъд аз гирифтани ин санадҳо мард ҳақ пайдо мекунад, ки барои дарёфти шаҳрвандии Русия ҳам аз роҳи осон ва ё боимтиёз муроҷиат кунад. Қабл аз ин, маъмурияти минтақаи Орехово-Зуево гуфтанд, барои таъмини хонавода бо манзил мусоидат мекунанд.

Геннадий Панин, раиси маъмурияти Орехово-Зуево, ки дар маросими аз таваллудхона рухсат шудани Светлана Сатторова иштирок карда буд, гуфт, ба ин оила ҳавлӣ медиҳанд. Дар марҳилаи кунунӣ ба хонаводаи Сатторовҳо сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 180 ҳазор рубл ёрӣ додаанд.

Илова ба ин, ба модари хонадон ҳар моҳ барои нигоҳубини фарзандон ва харҷи коммуналӣ кумакҳои иҷтимоии давлатӣ ва дигар ёриҳои пулӣ карда мешавад.

Рӯзи 10-уми феврал дар як нишасти матбуотии сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков хабарнигорон ба ӯ гуфтанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба зани соҳиби 11 фарзанд ёрӣ намекунанд ва ҳама кор бо таъхир ҷараён дорад. Дар вокуниш ба ин Песков гуфт, “агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, ҳеч ба сиёсати иҷтимоии давлати мо мувофиқат намекунад, бо он таъкидҳое, ки дар паёми ахири президенти кишвар садо дода буд. Бояд ин хабарҳо санҷида шавад”.

Ҳоло хонаводаи Сатторовҳо дар як манзили сеҳуҷраӣ дар ҳудуди деҳаи Мала Дубна зиндагӣ мекунанд ва падари хонадон Абдуманнон Сатторов кори расмӣ надорад. Светлана Сатторова, ки 33 сол дораду 13 соли охир фарзанд таваллуд кардааст, коргари ширкати «Топ Продукт» аст, аммо ҳоло бо сабаби таваллуди тифл кор намекунад.

XS
SM
MD
LG