Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Гурҷистон бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.
Аввалин бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия 12-уми феврал баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ шавқовару пуршиддат сурат гирифт, вале ба футболбозони ҷавон задани гол муяассар нашуд. Мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо теъдоди даҳ нафар анҷом дод. Дар дақиқаи 57-ум нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов, ки корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ шуд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Анталия боз се бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик баъдтар маълум хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-19) – Гурҷистон (U-19) – 0:0
Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Исроил Холов, Алиҷон Кароматуллозода (Маҳмуд Пиров, 87), Муҳаммад Саломзода (Шуҳрат Элмуродов, 76), Шоҳрух Сангов (Асадбек Зиёзода, 87), Озодбек Панҷиев (Суннатулло Исмоилов, 76), Эмомалӣ Аҳмадхон (Исмоилҷон Алимардонов, 60), Ислом Зоиров (Шерзод Дадабоев, 60), Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов (Умедҷон Холиқов, 60), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Азизбек Ҳасанов, 60).
Аз майдон хориҷ шуд: Ҳамадонӣ Камолов (Тоҷикистон), 57.
12-уми феврал. Анталия, Туркия.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!