Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии маҳдуд кардани тавоноиҳои Трамп дар Сенати Амрико


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Сенати Иёлоти Муттаҳида, ки таҳти назорати ҷумҳурихоҳон мебошад, чораи дутарафаро барномарезӣ кардааст, ки тавонониҳои президент Доналд Трампро дар амалиёти ҳарбӣ ба зидди Эрон кам мекунад.

Ҳашт сенатори ҷумҳурихоҳ бо хоҳиши зудтар ба овоздиҳии ниҳоӣ гузоштани ин масъала ба демократҳо пайвастанд.

Овоздиҳии 12-уми феврал дар бораи мурофиаи интихоботӣ 51 ба 45 буд. Қатъномае, ки иҷрояш ҳатмӣ нест, Трампро водор хоҳад кард, нерӯҳои амрикоиро, ки дар амалиёти ҷангӣ ба зидди Эрон иштирок мекунанд, берун орад, агар Конгресс ҷанг эълон накунад ё барои истифодаи нерӯи ҳарбӣ иҷозатномаи муайян нагирад.

Трамп ва тарафдорони ӯ мегӯянд , ин чора ба Эрон ва дигар рақибони эҳтимолӣ паёми сустӣ мефиристад. Маҷлиси Намояндагони таҳти раҳбарии демократҳо моҳи гузашта чунин қарореро қабул кард, зеро демократҳо ва баъзе ҷумҳурихоҳон шикоят карданд, ки Трамп дар бораи стратегияи Эрон ба онҳо пурра гузориш надодааст.

Ин қадам пас аз он бардошта шуд, ки Трамп фармони зарба задан бо ҳавопаймои бесарнишинро дод, ки дар он генерал-майор Қосим Сулаймонӣ, раҳбари қувваҳои Қудси Эрон дар Бағдод кушта шуд. Трамп то задани зарба ба Конгресс хабар надодааст.

XS
SM
MD
LG