Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод волидонро барои телефони фарзандон ҷарима мекунанд


Як ҷавондухтари туркман аз телефони мобилӣ истифода мебарад. Акс аз бойгонӣ.
Як ҷавондухтари туркман аз телефони мобилӣ истифода мебарад. Акс аз бойгонӣ.

Волидони хонандагони макотиби шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои телефони ҳушманд доштани фарзандонашон ҷарима мекунанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ҷаримаи волидон дар ҳолест, ки пештар аз ин мақомоти Туркманистон истифодаи телефонҳои ҳушмандро барои хонандагон манъ карда буданд.

Дар як ҳафтаи охир ҳолатҳои истифодаи телефони мобилӣ аз сӯи хонандагон дар ду мактаби Ишқобод ошкор шудааст.

"Омӯзгорон нахуст хонандаҳоро ба утоқи мудир бурданд. Баъдан кормандони пулис омада, хонандагонро ба идораи худ бурданд",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқобод.

Пулис телефонҳои хонандагонро мусодира ва аз онҳо баёнот гирифтааст, ки минбаъд телефон истифода нахоҳанд кард.

"Волидони хонандагон ба идораи пулис даъват ва 100 манатӣ ҷарима шуданд. Волидон расиди пардохти ҷаримаро ба пулис месупоранд. Баъдан телефонҳои мусодирашуда ба волидон баргардонида мешаванд", - гуфт хабарнигор.

Ин ҳам дар ҳолест, ки истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар мактабҳои Ишқобод миёнаҳои моҳи январ манъ шуд. Баъдтар ин мамнуият ба минтақаҳои дигари Туркманистон расид. Мақомот дар шарҳи сабабҳои ин тасмимашон мегӯянд, телефони ҳамроҳ ба ахлоқи хонандагон таъсири бад мерасонад.

XS
SM
MD
LG