Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати тандурустии Эрон марги як зани мубтало ба вирусро рад кард


Акс аз бойгонӣ

Рӯзномаи давлатии Эрон гузориш дод, ки зане дар Теҳрон аз бемории коронавирус фавтидааст. Нашрия рӯзи 12-уми феврал бе такя ба сарчашмае гуфт, зани 63-солаи эронӣ се рӯз пеш дар бемористони Теҳрон даргузашт.

Аз рӯи ин гузориш, супориш дода шудааст, ки дар бораи сабаби марги ӯ пажуҳиш кунанд. Аммо сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон рӯзи 12-уми феврал гуфт, ин хабар “дуруст нест”.

Рӯзномаи давлатии Эрон навишт, “рӯзи душанбе яке аз масъулони бемористони пойтахт аз марги машкуки зани 63-сола хабар дод”. Ба навиштаи рӯзнома, “бо эълони ин хабар таҳқиқот аз тарафи маъмурон оғоз шуд. Бар асоси баррасиҳои ибтидоӣ, эҳтимол меравад, ин зан ба коронавирус мубтало будааст ва бар асари ҳамин беморӣ ҷон бохтааст.”

Дар ин гузориш мушаххас нест, ки чаро нашри ин хабар баъд аз ду рӯзи воқеа сурат мегирад.

Соате пас аз нашри хабар ва бозтоби он Каёнӯш Ҷаҳонгирӣ, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон, ба хабаргузориҳо гуфтааст, “хабари марги зане дар бемористони пойтахт дар асари коронавирус дуруст нест, зеро ҳеч аломате аз вирус дар кишвар дида нашудааст”.

Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории ИСНО афзуд, “бо қотеият метавон гуфт, ки то кунун коронавирус ба Эрон ворид нашудааст”.

Вируси хатарнок (COVID-1), ки дар Чин кашф шуд, то кунун дар ин кишвар боис ба марги беш аз 1100 нафар шуда, ҳазорҳо нафари дигарро дар Чин ва кишварҳои дигар мубтало кардааст.

Ҳукумати Эрон то кунун ҳеч омореро дар бораи гирифтор шудани сокинон ба ин вируси хатарнок пешниҳод накардааст.

XS
SM
MD
LG