Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори нав дар бораи ҳалокшудаҳо аз вируси хатарнок дар Чин


Акс аз Чин
Акс аз Чин

Комиссияи миллии тандурустии Чин рӯзи душанбе гузориш дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 97 нафари дигар аз вируси нави роҳи нафас ба ҳалокат расида, шумораи фавтидагон дар Чин акнун ба 1113 нафар расидааст. Ҳамагӣ 44 ҳазору 643 шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда аз ин беморӣ дар саросари Чин ба қайд гирифта шудааст. Сабти шумораи ҳолатҳои нав кам шудааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бемории аз ин вирус пайдо шударо COVID-19 номидааст. То рӯзи 12-уми феврал 25 кишвар ҳолатҳои ин бемориро тасдиқ кардаанд, аз ҷумла марги як нафар дар Филиппин. Як шаҳрванди Амрико дар Чин аз ин беморӣ фавтидааст.

Дар конфронсе дар Женева оид ба мубориза бо вирус, ки 11-уми феврал баргузор шуд, мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Адҳаном Қибресус кишварҳоро даъват кард, ки ба зидди ин бемории хатарнок якҷоя кор кунанд.

Ӯ гуфт, вирусҳо "аз ҳама гуна амалҳои террористӣ дида, оқибатҳои сахттаре доранд».

Гумон меравад, COVID-19 хеле гузарандааст ва ҳодисаи марди бритониёӣ, ки вирусаш ба на камтар аз 11 нафар гузаштааст, тарсу ҳаросро аз давраи нави паҳншавии он дар хориҷ барангехтааст.

XS
SM
MD
LG