Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саида Мирзиёева ба ҳимояти театри "Илҳом" бархост


Театри "Илҳом" дар Тошканд.
Театри "Илҳом" дар Тошканд.

Баъди он ки 7-уми феврал хабари бе сарпаноҳ мондани театри "Илҳом" дар шаҳри Тошканди Узбекистон расонаӣ шуд, бозигарон ва бинандагон ба ҳимоят аз театри мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи ҳимоят аз театро ба роҳ монданд.

Ахиран Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон ҳам ба ҳимоят аз театри "Илҳом" садо баланд кард.

Рӯзи 11 феврал вазири фарҳанги Узбекистон Озодбек Назарбеков мулоқоти ҳайати театри "Илҳом"-ро бо соҳибони бинои театр ташкил кард.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки театр бинои таърихиашро ҳифз хоҳад кард.

Аммо дар давраи бозсозии бинои меҳмонхонае, ки театр онҷо ҷойгир аст, "Илҳом" фаъолияташро бозмедорад.

Театри "Илҳом" аз сӯи бозигар ва коргардони маъруф Марк Вайл таъсис шудааст. Марк Вайл дар соли 2007 дар даҳлези хонааш дар шаҳри Тошканд кушта шуд.

XS
SM
MD
LG