Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корманди Кумитаи занон дар қазияи Нилуфар Раҷабова "танбеҳ" гирифтааст. ВИДЕО


Нилуфар Раҷабова, сокини шаҳри Душанбе.
Нилуфар Раҷабова, сокини шаҳри Душанбе.

Як корманди Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар робита ба қазияи сокини Душанбе Нилуфар Раҷабова танбеҳ гирифтааст. Нилуфар Раҷабова дар нимаҳои моҳи декабр дар ҷараёни корҳои "фаҳмондадиҳӣ"-и мақомот зидди "либос ва фарҳанги бегона", ба идораи пулис бурда шуд ва баъдан шикоят кард, ки азият шудааст. Аммо мақомот Раҷабоваро ба "майдаавбошӣ" муттаҳам карданд.

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин масъала дар як ҷаласаи назди раиси Кумита баррасӣ шуда, корманди яке аз бахшҳои он, ки дар маъракаи "фаҳмондадиҳӣ" ба Нилуфар Раҷабова ширкат дошт, барои рафтори нодуруст бо ин сокини Душанбе, танбеҳ гирифт.

"Рафтори корманде, ки аз ҷониби зерсохтори мо буд, нодуруст буд. Тавре ин зан гуфта буд, аз дасташ кашида бурданд. На ба ин тарз бояд корбарӣ шавад. Шаъну шарафи инсон бояд поймол нагардад. Итминон дорем, ки минбаъд ингуна ҳодисаҳо рух намедиҳанд",-афзуд Сабоҳат Маҳмадалиева. Хонум Маҳмадалиева ҳамзамон гуфт, Нилуфар Раҷабова ба ин ниҳод муроҷиат накардааст ва масъулини ин ниҳод бо ӯ тамос гирифта, хостори таҳқиқи қазия шуданд, аммо ӯ ҳозир нашуд.

Танбеҳи мақомдори Кумитаи занон ба хотири зиёдаравӣ дар қазияи зани ҳиҷобпӯш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Ин масъули Кумитаи кор бо занон мегӯянд, корҳои тарғиботӣ бо ҳадафи тарғиби фарҳангу либоси миллӣ дар миёни занон дар доираи талаботҳои қонун сурат мегирад. "Дар моддаҳои 14 ва 15 -и қонун дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим омадааст, ки шахсоне, ки ба фарҳанги миллӣ аз ҷумла забону либос арҷ намегузоранд, ба ҷавобгарии мъамурӣ кашида мешаванд".

Аммо Сабоҳат Маҳмадалиева мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо зимни корҳои тарғиботӣ аз номи ин ниҳод сӯистифода мешавад ва рафторҳои нодуруст ҷой дорад. Ӯ гуфт, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки зимни ҷалби занон ба корҳои таблиғотӣ, афроди дигар худро намояндаи Кумитаи занон муаррифӣ мекунанд. "Вақте мо мавриди баррасӣ қарор медиҳем, маълум мешавад, онҳо рабте ба ин ниҳод ва зерсохторҳои он надорад. Чунин ҳолатҳо ҳам бисёр буданд".

Хонум Маҳмадалиева афзуд, дар чунин ҳолатҳо бояд занон аз онҳое, ки дар ин маъракаҳо худро намояндаи мақомот муаррифӣ мекунанд, ҳуҷҷат талаб кунанд.

Қазияи боздошт ва ҳозир кардани Нилуфар ба идораи пулис дар моҳи декабри гузашта, сару садоҳоеро ба миён овард. Нилуфар Раҷабова пас аз берун шудан аз идораи пулис қазияи худро расонаӣ кард ва аз хушунат ва озор аз сӯи пулис ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурд.

Аммо рӯзи 18-уми декабр Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Нилуфар Раҷабоваро бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт бо гуноҳи "майдаавбошӣ" 550 сомонӣ ҷарима баст. Нилуфар аз ин ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурд, аммо рӯзи 22-юми январ додгоҳ онро бетағйир гузоштааст.

Ин зани ҷавон дар ҳоле барои доштани рӯсарӣ ба идораи пулис бурда шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд.

Аммо чанд соли ахир назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони идораҳои давлатӣ пӯшидани либоси мазҳабиро манъ кардаанд. Худи Нилуфар Раҷабова мегӯяд ҷарима шуданаш бо гуноҳи майдаавбошӣ баъди он сурат гирифт, ки қазияи худро расонаӣ кард.

Созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз боздошту бозпурсии пайвандони фаъолони сиёсӣ аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки фишор алайҳи хонаводаҳои онҳо дар кишварро қатъ кунанд. Ин ниҳодҳо менавиштанд, истифодаи пайвандони аъзои гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидони ҳукумат, ҳуқуқи аслии инсонро поймол мекунад ва баёнгари таҳаммулнопазирии ҳукумат дар баробари дигарандешист.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG