Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев бори нахуст дар бораи ҳаводиси Ҷамбил изҳори назар кард


Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон.
Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон.

Президенти пешин ва раиси Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 11-уми феврал дар ҷаласаи шӯро бори нахуст дар бораи ҳаводиси хунини вилояти Ҷамбили ин кишвар изҳори назар кард.

"Ин ҳодиса маро хеле ба ташвиш овард. Дар давоми 30 сол мо ҳамроҳи мардуми кишвар мушкилиҳои зиёдеро пушти сар кардаем. Ҷавонон ин мушкилиҳоро ҳатто тасаввур карда наметавонанд. Дар Қазоқистон 130 корхона аз фаъолият боз монда, 2,5 миллион одам бекор ва бемаош монданд. Маводи ғизоӣ камчин шуда, дар хонаҳо гармӣ набуд. Вале мо ин ҳамаро пушти сар кардем",-изҳор дошт ӯ.

Назарбоев афзуд, ки агар он рӯзҳо миллатро муттаҳид ва суботро таъмин карда наметавонистанд, имрӯз сармоягузорон ба Қазоқистон намерафтанд. Ӯ гуфт, ҳифзи сулҳу субот дар Қазоқистон масъулияти мардуми ин кишвар аст. Ба гуфтаи Назарбоев, нақши Ассамблеяи мардуми Қазоқистон ва бахшҳои он дар ин замина муҳиманд.

Мақомоти қазоқ мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордайи Ҷамбил паҳн гардид. Баъди бархурди хунин, мақомоти Қазоқистон ба ноҳияи Кордай неруи вижа ирсол карданд.

Ба гуфтаи сокинон, шоми рӯзи ҷумъа садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд. Пештар аз ин ҳодиса хабари занозанӣ байни сокинони деҳот паҳн гардида буд. Рӯзи 9-уми феврал мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар ин ҳаводис 300 кас иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG