Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонов дастнависи 8,8 млн долларии де Кубертенро ба Кумитаи олимпӣ туҳфа кард


Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия.
Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия.

Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия ба осорхонаи олимпии Лозанне манифести асосгузори бозиҳои муосири олимпӣ барон Пер де Кубертенро туҳфа кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи байналхалқии олимпӣ иттилоъ медиҳад.

Соли гузашта ин манифест дар музоядае бо арзиши 8 миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхта, аммо аз харидор ном бурда нашуда буд. Ҳамакнун муайян шуд, ки онро Алишер Усмонов харидааст.

Манифести 14-саҳифаии дастнавис, ки соли 1889 навишта шудааст, матни идеяи Кубертенро дар бар мегирад. Кубертен бори аввал он замон пешниҳод кард, ки Бозиҳои олимпии муосир эҳё карда шаванд. Пер де Кубертен он замон ҳамагӣ 29 сол дошт. Баъди панҷ сол аз навиштани ин манифест қарори эҳёи Бозиҳои олимпӣ қабул шуд.

Томас Бах, раиси Кумитаи байналхалқии олимпӣ бо хитоб ба Алишер Усмонов гуфт, "саховат ва дасткушодии вай рисолати Бозиҳои олимпӣ - ваҳдати сайёра дар мусобиқаҳои сулҳомез"-ро ба ёд меорад ва имкон медиҳад, ки "робитаи мустақим бо асосгузори ҳаракати олимпӣ" барқарор шавад.

Усмонов дар навбати худ гуфт, "осорхонаи олимпӣ - мувофиқтарин макон барои нигаҳдории дастхате аст", ки ба бовари миллиардер, "бебаҳост". Дар фурсатҳои наздик ин ҳуҷҷат барои тамошои умум гузошта хоҳад шуд.

Барон Пер де Кубертен - ходими ҷамъиятиву варзишии Фаронса ва яке аз асосгузорони Кумитаи байналхалқии олимпӣ аст, ки ташаббуси эҳёи Бозиҳои олимпиро рӯи даст гирифт. Соли 1886 нахустин бозиҳои муосир дар Афина баргузор шуданд ва дар соли 1925 вай ба мақоми президентии Кумитаи байналхалқии олимпӣ нишаст.

XS
SM
MD
LG